Иҷлосияҳои баҳорӣ оғоз ёфтанд
Дар Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия иҷлосияҳои баҳорӣ оғоз ёфтанд. Дар ҷаласаи нахустини пленарӣ нақшаи нави фаъолият баррасӣ ва тасдиқ гардид. Тибқи он, дар моҳҳои наздик қариб 100 лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Аз ҷумла, дар назар аст, ки вобаста ба масъалаҳои писархондии кӯдакони россиягӣ аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Россия муносибати дӯстона надоранд, тақвияти мақоми забони русӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи иштирокчиёни амалиёти махсуси ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо ба қонунҳои мавҷуда тағйирот ворид шавад.
«Парламентская газета»
Дар Туркманистон палатаи болоии парламентро барҳам доданд
Дар Ҷумҳурии Туркманистон палатаи болоии парламентро барҳам доданд ва парламенти якпалатагӣ — мақоми олии ҳокимияти халқ, Шӯрои мардумӣ (Халқ маслаҳатӣ) таъсис ёфт. Дар ин бобат 21-уми январ дар ҷаласаи якҷояи ду палатаи парламенти Туркманистон қарор қабул шуд. Мақоми олии ҳокимияти халқро собиқ Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов роҳбарӣ мекунад. Пештар вай раиси палатаи болоии парламент буд. Дар Туркманистон парламенти дупалатагиро моҳи январи соли 2021 таъсис доданд.
«ТАСС»
Таъсиси ташкилоти нав
Раиси Кумита оид ба сохтмони Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Пахомов зимни мусоҳиба бо рӯзномаи «Парламентская газета» роҷеъ ба созмон додани Ташкилоти кафолатноки идоракунӣ дар сохтори хоҷагии манзилию коммуналӣ иттилоъ дод. Вобаста ба ин иқдом лоиҳаи нави қонун барои баррасӣ ба парламент пешниҳод карда шуд. Ба гуфти вакил, он ба қатори ташкилотҳое дохил мешавад, ки ба хонаҳои бисёрҳуҷра хизмат мерасонад.
Ҳатмӣ нест, ки ТКИ ширкат ё корхонаи садфоизаи давлатӣ ва мунитсипалӣ бошад. Шахсони алоҳида низ метавонанд бо риояи қонуну меъёрҳои мавҷуда чунин ташкилотро созмон диҳанд.
«Парламентская газета»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»