ДАР БОРАИ РИОЯИ ХОМӮШӢ ҚОНУН ҚАБУЛ ШУД
Дар Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Қонуни Федератсияи Россия «Дар бораи риояи хомӯшӣ ва оромии шаҳрвандон дар Федератсияи Россия»-ро дастгирӣ карданд.
Тибқи ин қонун, дар тамоми минтақаҳои Федератсияи Россия аз соати 2200 то 700 бояд хомӯшӣ қатъиян риоя шавад. Барои корҳои таъмирие, ки зимни онҳо садои баланд шунида мешавад, соатҳои 900 1900 бо танаффус аз соати 1300 то 1500, иҷозат дода мешавад. Онҳое, ки чунин тартиботро риоя намекунанд, муҷозот шуда, бо вайронкунандагони тартибот суҳбат гузаронида мешавад. Вобаста ба арзу шикоятҳои шаҳрвандон, махсусан онҳое, ки дар хонаҳои баландошёнаи бисёрҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунанд, лоиҳаи қонуни мазкур таҳия гардида, моҳи феврал ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуда буд.
«Известия»
ҲИЗБИ ҲОКИМ 320 ҶОЙРО СОҲИБ ШУД
14-уми майи соли ҷорӣ дар Туркия интихоботи президентӣ ва парламент баргузор гардид. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, Сарвари имрӯзаи кишвар Раҷаб Эрдуғон 49,35 ва рақиби вай Кемал Киличдароғлу соҳиби 45 фоизи овозҳо шуданд. Бинобар ин, 28 — уми май даври дуюми интихобот доир мегардад.
Дар парламенти кишвар бошад, 320 номзади эътилофи ҷумҳуриявӣ бо сардории ҳизби ҳокими «Адолат ва рушд» соҳиби курсиҳои вакилӣ мешаванд.
«Известия ру», «Шабакаи телевизионии ТРТ»
КАЛОНТАРИН БИНОИ ПАРЛАМЕНТ
Дар бораи сохтмони бинои парламенти Венгрия (Орсагхаз) соли 1843 қарор қабул шуда буд.
Бинобар инқилоб дар кишвар ин нақша амалӣ нагардид. Соли 1873, баъд аз муттаҳид шудани Буда ва Пешта, аз нав тасмим гимрифта шуд, ки он сохта шавад. Сохтмони бинои парламент аз соли 1885 то соли 1904 идома ёфт.
Бинои парламент аз 691 утоқ, 29 зинапоя ва 10 ҳавлӣ иборат аст. Баландии манораи болои бино 27 метр ва доираи он 20 метр мебошад. Дар дохили бино осорхона мавҷуд аст.
«Википедия»
ХУРДТАРИН ПАРЛАМЕНТ
Давлате, ки дар он хурдтарин парламенти ҷаҳон фаъолият мекунад, дар ҷазираи Королинскии Океания мавҷуд аст.
Ин давлат иёлоти Микронезия ном дорад. Конгресси якпалатагии он ҳамагӣ 14 аъзо дорад, ки чор нафари онҳо як нафарӣ аз ҳар як иёлати кишвар, ба муҳлати 4 сол ва 10 нафари дигар аз округҳои якмандатӣ ба муҳлати ду сол интихоб мешаванд. Вакилон аъзои ягон ҳизби сиёсӣ нестанд, чунки дар кишвар низоми ҳизбӣ вуҷуд надорад.
Аҳолии иёлоти Микронезия беш аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар ин кишвар Президент ва ноиби Президентро аз миёни чор нафар сенатор конгресс интихоб мекунад.
«Википедия»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»