Сафарҳои хориҷӣ бояд мувофиқа шаванд
Шурои Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия 10 июли соли ҷорӣ лоиҳаи қонун дар бораи пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои вакилони Думаи давлатиро ва сенаторҳое, ки бе мувофиқа аз кишвар мебароянд, баррасӣ намуд.
«Сенатори Федератсияи Россия ё вакили Думаи давлатӣ вазифадор аст, ки сафарҳояшро берун аз қаламрави Федератсияи Россия, ба истиснои сафарҳои хизматӣ, бо тартиб ва муҳлатҳое, ки аз ҷониби шурои палатаи дахлдори Маҷлиси федералӣ муайян мешаванд, мувофиқа кунад», — гуфта шудааст дар матни лоиҳаи қонун.
РИА Новости
Будубоши баъзе хориҷиён манъ мешавад
Дар Ӯзбекистон лоиҳаи қонунеро қабул карданд, ки будубоши хориҷиёни алоҳидаро дар ҷумҳурӣ танзим менамояд. Дар қонун қайд шудааст, ки даъватҳои оммавӣ ё амалҳое, ки ба соҳибихтиёрии давлатӣ, тамомияти ҳудудӣ ва амнияти ҷумҳурӣ мухолифанд, шаъну шараф ва таърихи халқи Ӯзбекистонро беэътибор мекунанд, метавонанд номатлуб бошанд. Дар ин замина пешниҳод шудааст, ки вуруди хориҷиёне, ки ӯзбекҳоро таҳқир кардаанд, манъ шавад. Барои чунин хориҷиён маҳдудиятҳои зерин пешбинӣ шудааст: манъи яксолаи вуруд, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, хариди амволи ғайриманқул, иштирок дар хусусигардонии амволи давлатӣ, ворид шудан ба муносибатҳои молиявӣ ва шартномавӣ. «Қабули лоиҳаи қонун барои мустаҳкам кардани соҳибихтиёрии давлатӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ӯзбекистон хизмат хоҳад кард», — таъкид шудааст дар хабари хадамоти матбуотии парлумони ин кишвар.
Азия плюс
Дар интихоботи Фаронса эътилофи чап пирӯз шуд
Эътилофи ҳизбҳои чапи «Фронти нави халқӣ» (NPF) дар даври дуюми интихоботи парлумонии Фаронса пирӯз шуд ва дар Маҷлиси миллӣ 182 ҷой гирифт.
Ҷои дуюмро эътилофи «Якҷоя»-и Президент Эммануэл Макрон (168 ҷой), мақоми сеюмро Иттиҳодияи миллии ултраҳуқуқ (RN) бо 143 ҷой ишғол кардааст. Айни замон ҳеҷ як қувваи сиёсӣ натавонист аксарияти ҷойҳоро дар парлумон ба даст орад.
ИТАР ТАСС
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»