Қӯрғонтеппа-маркази маъмурии вилояти Хатлон 11 апрели соли 1937 ташкил ёфтааст. Масоҳати умумии он 2457 гектар буда, тибқи маълумоти оморӣ 101 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва археологӣ ҳамчун шаҳр дар аҳди Кушониён-асрҳои 1-IV ба вуҷуд омада, Леваканд ном доштааст, ки баъд дар натиҷаи ҳуҷумҳои бераҳмонаи арабҳою муғулҳо ба харобазор табдил ёфтааст. Номи ҳозираи он дар сарчашмаҳои таърихӣ аз асри XVII дучор мешавад. Теппаи таърихии маркази он шояд боиси номи Қӯрғонтеппаро гирифтани ин шаҳр гашта бошад, ки дар мавзеи басо хушманзара, байни ду наҳри калон — «Ҷӯйбор»-у «Ҷӯйи Хонум» ҷойгир аст.
Мушкилоти асосии шаҳр солҳои охир нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва роҳҳои валангору вайрон буд. Ин масъалаҳои мушкил ҳалли худро пайдо намуданд. Чанд сол қабл дар ошёнаҳои сеюму чоруми биноҳои истиқоматӣ нарасидани об мушоҳида мешуд, вале имрӯз ҳатто дар бинои навбунёди 15 — ошёна мардум бо оби тозаи нӯшокӣ таъминанд. Зеро барои бунёди обанбори нави ҳозиразамон, кашидани қубурҳои калони обгузар ба туфайли ғамхорӣ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағҳои зарурӣ дастрас шуданд ва ин мушкилот ҳал шуд. Қубурҳои обгузар барқарор ва хатти канализатсионӣ таъмиру тармим гардиданд.
Хиёбону кӯчаҳои шаҳр низ хеле ободу зебо гардидааст. Дар озмуни вилоятии таҳти унвони «Базми гулҳо» гузаронидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар байни 25 шаҳру ноҳия соҳиби ҷойи аввал гардидани шаҳри Қӯрғонтеппа исботи суханҳои болост.
Ҳоло кӯчаҳои маркази вилоят ба чароғҳои зебою ҳозиразамон ороиш дода шудааст, ки шабҳо хеле зебо ба назар мерасанд. Танҳо соли гузашта ба маблағи 369,3 ҳазор сомонӣ корҳои чароғонкунию ороишӣ дар майдони «70-солагии водии Вахш», теппаи таърихии «Қӯрғон», гулгашти ба номи устод Рӯдакӣ, дигар хиёбону кӯчаҳо гузаронида шудааст. Чунин амали хайру шоиста бомаром идома дорад. Ҷамъ то имрӯз ба маблағи 911,4 ҳазор сомонӣ корҳои чароғонкунию ороишӣ ва барқарорсозии фаввораҳо дар шаҳр ба анҷом расидааст.
Вобаста ба азнавсозии нуқтаҳои партовгоҳҳои шаҳр, бо рӯшноӣ ва қуттиҳо таъмин намудани онҳо, таъминоти Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии коммуналии шаҳр бо нақлиёт, таҷҳизоту дастгоҳҳо ва таъсиси коргоҳи коркарди партовҳои сахти маишӣ як лоиҳаи инвеститсионӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 4,9 миллион доллари америкоӣ дастгирӣ ёфт, ки 2 миллиони он грант ва 2,9 миллионаш қарз мебошад.
Солҳои охир ба туфайли кордонию ғамхорӣ ва заҳмати масъулин хазинаи шаҳр хеле ғанӣ гардид, ки ин барои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ имконият фароҳам овард. Масалан, соли 2015 қисми даромади буҷети маҳаллӣ (бо назардошти андози иҷтимоӣ) 102 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 132 миллиону 854,4 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2014-ум 19 миллиону 276,2 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба буҷет 72 миллиону 318,5 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2015-ум 8 миллиону 38,9 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Агар соли гузашта аз қисми даромади буҷети шаҳр ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят 14 миллиону 130,1 ҳазор сомониро ташкил карда бошад, пас дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ин рақам ба 7 миллиону 705,2 ҳазор сомонӣ расидааст.
Замоне Қӯрғонтеппа яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт ва дар он корхонаҳои калони саноатӣ амал мекарданд. Вале гусастани алоқаи байни корхонаҳои азими шаҳрҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ боиси аз фаъолият бозмондани бештари ин корхонаҳо, куҳнаю фарсуда шудани таҷҳизоту дастгоҳҳои онҳо гардид.
Ҳоло дар шаҳр мекӯшанд, ки саноат аз нав эҳё гардаду рушд ёбад. Бо ин мақсад бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят бунёди «Минтақаи саноатӣ» ба нақша гирифта шудааст. Он рӯз дур нест ки ин минтақаи саноатӣ боиси пешрафти саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанигардонии буҷети шаҳр гардад. Соли гузашта, новобаста аз мушкилоти мавҷуда, дар корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 128 миллиону 550,9 ҳазор сомонӣ ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 56 миллиону 60,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Имрӯзҳо бо мақсади ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободонию созандагӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо соҳибкорон ва онҳое, ки мехоҳанд дар маркази маъмурии вилоят корҳои хайру шоистаро ба сомон расонанд, ҳамкории хубу муфидро ба роҳ мондааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби онҳо ба маблағи 9 миллиону 395,2 ҳазор сомонӣ 13 иншооти ҳаётан муҳим сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, онҳо дар масоҳати 6402 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода доданд. Соли гузашта аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, соҳибкорон, вазорату кумитаҳо, шахсони алоҳида ҷамъ 129 иншооти ҳаётан муҳим сохта, ба истифода доданд.
Айни замон дар шаҳр ба истиқболи ҷашни фархундаи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони даҳҳо адад иншоот идома дорад. Бунёди бинои театри касбӣ барои 1000 ҷойи нишаст, кохи бузурги фарҳанг ва хонаи адибон, бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1240 хонанда, бинои муассисаи таълимии хусусӣ барои 640 хонанда, корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, биноҳои истиқоматии 15 — ошёна дар хиёбони Айнӣ ва 9 — ошёна дар хиёбони Ваҳдат, ду бинои таълимӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, бинои «Спитаменбонк», бинои таълимӣ ва лабораторияю толор дар назди коллеҷи тиббӣ ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Бинои истиқоматии 15 — ошёна, ки дар маркази шаҳр хеле зебою замонавӣ бунёд ёфтааст, имрӯз дар вилояти Хатлон баландтарин бино ба шумор меравад.
Соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ низ дар шаҳр рӯз то рӯз рушд карда истодаанд, сатҳи хизматрасонӣ ҳам хубтару беҳтар шудааст. Дар фароғатгоҳи «Соҳил», ки дар мавзеи Хумдони соҳили дарёи Вахш ташкил шудааст, садҳо нафар толибилм соли гузашта ва имсол ба истироҳати тобистона фаро гирифта шуданд.
Роҳбарияти шаҳр ба масъалаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ низ диққати махсус зоҳир менамояд. Соли гузашта нақшаи обуна ба андозаи 102 фоиз иҷро гардида буд. Соли ҷорӣ низ роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки ин маъракаи муҳимро муташаккилона оғоз бахшида, пеш аз муҳлат ба анҷом расонад.
Кору фаъолияти пурсамари раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло, ки боиси обрӯю ҳурмату эҳтироми ӯ дар байни аҳолии шаҳр гардидааст, бори дигар собит месозад, ки дар шароити кунунӣ барои татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳо воқеан чунин роҳбарон заруранд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»