- Баъди қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Рӯшон хароҷот дар тӯю маъракаҳо 2,8 баробар коҳиш ёфтааст, — гуфт раиси ноҳия Имомназар Хуҷаназар Лутфулло дар конфронсе, ки ба 10 — солагии қабули қонуни мазкур бахшида шуд.
Кам гардидани хароҷот дар тӯю маъракаҳои азодорӣ, аз байн бардоштани баъзе маросимҳое, ки ба арзишҳои миллии мо мутобиқат надоштанд, ба баланд бардоштани сатҳи рӯзгори мардум мусоидат намуданд.
Меҳриддин Замонов — раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия қабули ин қонунро «инқилоб»-и иҷтимоӣ дар ҷомеа арзёбӣ намуд.
Даҳ соли мавриди амал қарор доштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дод, ки санади мазкур дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохт ва ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум мусоидат намуд, — зикр кард ёрдамчии прокурори ноҳия Б. Бойзода.
Шоҳтолиби Шоҳқосим, «Садои мардум»