Чанде пеш раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо пайомадҳои офати табиӣ дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон, ки бар асари фаромадани сел зарар дид, бо сокинону фаъолони ноҳия cуҳбат намуд.
Дар натиҷаи офат се хонаи истиқоматии сокинони деҳа қисман зарар дида, барои бартараф сохтани хисорот, муайян намудани маблағи умумии зарар ва расонидани кумаки моддӣ ба зарардидагон ҳамроҳи раиси вилоят, роҳбарияти ноҳияи Рӯшон, сардорони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, Ширкати барқии «Помирэнерҷӣ», шуъбаи беҳдошти замин ва обёрии вилоят низ ба ҷои ҳодиса рафтанд.
Алишер Мирзонабот роҳбарони идораҳои масъулро вазифадор намуд, ки дар навбати аввал техникаи заруриро ба мавзеи офати табиӣ интиқол дода, корро доимӣ ба роҳ монанд.
Мавриди зикр аст, ки бартарафсозии пайомади офати табиӣ шурӯъ гардида, ҷиҳати тоза кардани заҳбуру заҳкаш, канали обгузари деҳа, минбаъд эмин нигоҳ доштани манзилҳои истиқоматӣ аз селу расонидани ёрии саривақтӣ ва дастгирии оилаҳои зарардида сохторҳои марбутаи вилояту ноҳия аз ҷониби раиси ВМКБ супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта раиси вилоят бо сокинони деҳоти «Пастхуф»-и ноҳияи Рӯшон мулоқот кард.
Ҳини суҳбат бо мардуми ноҳия таъкид шуд, ки маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ таъмин шуда, марҳилаи сифатан нави рушд оғоз гардид.
- Маҳз дар заминаи хирадсолории Пешвои миллат ва мардуми бонангу номуси вилоят падидаҳои манфӣ дар ҷомеа аз байн бардошта шуд. Дар ин замина дар шаҳри Хоруғу ноҳияҳои вилоят бунёди як қатор коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт оғоз гардид.
Раиси вилоят, инчунин, аз имкониятҳои ояндадори рушди вилоят, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, сайёҳӣ, ҳарф зада, таъкид намуд, ки бо ба кор андохтани иқтидорҳои нави коркарди маъдани кӯҳӣ иқдомҳои нав амалӣ хоҳанд омад.
Раиси вилоят оид ба сохтмони роҳи байналмилалии қитъаи Дарвоз то сарҳади ноҳияи Рӯшон, сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сухан ронда, сокинони водиро ба сарҷамъӣ, муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд.
Зимни вохӯрӣ зумрае аз сокинони деҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагӣ миннатдорӣ намуданд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»