Чанде пеш бахшида ба 90-солагии собиқ Раиси Президиуми Советии Олии РСС Тоҷикистон, шодравон Ғоибназар Паллаев бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ва Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия дар қасри фарҳанги ноҳия чорабинии хотирмон баргузор гардид.
Муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов доир ба ҳаёту фаъолияти Ғоибназар Паллаев ҳарф зада, аз ҷумла гуфт, ки насли наврас бояд дар рӯҳияи зиндагии ибратомӯзи абармардон таълиму тарбия ёфта, зиндагиашон аз садоқат ба Ватан, меҳнатдӯстӣ, илму ҳунар омӯхтан ва дигар хислатҳои ҳамида таркиб ёбад. Ӯ, инчунин паёми табрикии муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзовро ба самъи ҳозирин расонид.
Сипас, шарикдарси Ғоибназар Паллаев — Баҳром Додхудоев сухан ронда, аз шӯхтабиатӣ ва меҳнатдӯстии ӯ ёдовар шуд. Ҳамкорону дӯстон ва хешу ақрабои Ғоибназар Паллаев аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намуданд, ки барои абадӣ гардонидани хотираи неки ӯ чораҷӯйӣ шавад.
Фарзанди шодравон Мелик Паллаев дар фарҷом ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияву вилоят арзи сипос намуд.
Инчунин, санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини ҳунариро пешкаши ҳозирин гардониданд.
П. ДАВЛАТ, Ш. ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»