Посух ба мақолаи «Мухолиф мувофиқ мешавад, вале мунофиқ…»-и Муҳаммадсаид Ризоӣ (Ғаниев Маҳмадсаид Маҳмадризоевич), раиси шуъбаи фарҳанг ва иршоди ҳизби мамнуи наҳзати ислом
Ассалому алайкум, Ҷаноби Ризоӣ!
Мақолаи шуморо унвонии собиқ ҳамсафу ҳамақидаатон Абдуллоҳи Раҳнамо аз тариқи сомонаи «Паём.нет» мутолиа намуда, аз суханпардозиҳои моҳиронаатон, «меҳру муҳаббат»-и беандозаи шумо нисбат ба дини мубини Ислом, миллат, Ватан қоил шудам, ҳарчанд гумон аст, ки он сирф ба қалами шумо мутааллиқ бошад. Ба ҳар ҳол, дар лофу газоф, ёфтани узру баҳона, ривоятбофиҳо бо кӯшиши худро бегуноҳу пок нишон додан ва ба ҳар васила сафед кардан ба дараҷаи олии мунофиқӣ расида будаед, ки муборак шавад!
Тарзи нигоришатон ниҳоят олидараҷа буда, шумову шумо баринҳо дар ин ҷода ҳам тамрини хуб ва ҳам таҷрибаи кофӣ, бахусус, аз солҳои навадуми асри гузашта доред. Фақат ҳамин қадар ки шуморо ҳамеша сухан дигар асту амал дигар. Дар роҳнамоӣ ба Абдуллоҳи Раҳнамо суханони хеле олиҷаноби «дар ҳар ҷое, ки ифои вазифа менамоед ва хидмат мекунед, барои Худо, Ватан ва миллат бошад, на ба хотири ягон ғарази дигар… Зеро агар хидмат холисона набошад, оқибаташ он мешавад, ки вақте шароит иваз шуд, одам ҳар чӣ қадр «донишу эътибор» ҳам дошта бошад, иваз мешавад ва рӯирост суханони дурӯғ мебофад…»-ро мавриди истифода қарор додаед, ки маҳз ба худатон дахл дорад. Бо ин васила худро аз ҷонфидоёни Худо, миллат, Ватан нишон доданӣ шуда, гуфтан хостаед, ки ба ин се муқаддасот чун Муҳаммадсаид Ризоӣ бояд арҷ гузошту хизмат кард, вале далеле ҳам наовардаед, ки аз шумо чӣ хизмате ба Худо, миллат, Ватан расидааст. Аз дасти шумое, ки умре бо меҳнати ҳалол машғул нашуда, аз пушти дасисаю иғво, чоплусию хушомадгӯйӣ рӯз гузаронидаед, оё чунин кор меояд? Кай фурсат ёфтед, ки дар роҳи Худо, миллату Ватан хизматакеро ба ҷо оред, дар ҳоле ки умре дарбадару дар гурезогурез ҳастед? Ё фикр кардед, ки чун дар солҳои навадум ҳанӯз ҳам зиёданд ҷавонони гумроҳу ноогоҳе, ки ба суханони мунофиқонаи шумо бовар мекунанд? Ё бо ба забон овардани номи Худо, миллат, Ватан ва бемавқею бомавқеъ бо ҳарфҳои калон навиштани онҳо садоқати набудаи шумо зуҳур меёбад? Ҳанӯз чанд аср муқаддам Ҳофизи бузургвор бо хитоб ба шумо баринҳо бо эҷоди байтҳои «чун ба хилват мераванд, в-он кори дигар мекунанд…», «…гуфтам магӯ, ки гӯш ба ҳар хар намекунам», «доми тазвир макун чун дагарон «Қуръон»-ро парда аз чеҳраи мунофиқонаю манфури шумо бардошта буд..
Аслан бигирем, барои шумо баринҳо на Худо, на миллат, на Ватан арзише надоранд. Ба хотири манфиат кайҳо ин ҳамаро фурӯхтаед. Ба қавли Ҳофизи бузургвор, эътиқоди шумо, ибодати шумо ба Худову шариат зери шубҳа қарор дорад. Худо медонад, ки шумо умуман, сидқан намоз мегузоред ё ба ҳастии Зоти пок бовар дошта бошед? Вагарна, умре ба корҳои зишт машғул намешудеду ба роҳи Шайтон намерафтед. Бо истифода аз номи Ислом ба тафриқаандозӣ машғул намешудед. Ҳизбатонро аз дини мубини Ислом боло намегузоштед. Чун пешгузаштагонатон ба ҷудо намудани Ислом ба ҷараёну фирқаҳои гуногун даст намезадед.
Шумо ва шумо баринҳо доғҳои Исломед. Яъне дар хизмати душманони Ислом ҳастед. Аз Абӯбакри Бағдодӣ ва ДИИШ ҳеҷ фарқе надоред. Оре, маҳз бо ҳидоятҳои бевоситаи шумо солҳои навадум бегуноҳони зиёде шаҳид гардиданд ва шумо бе ягон эҳсоси гунаҳкорӣ, пушаймонию шарму хиҷолат, бедидаю берӯёна боз бо забони дароз «шуҳадо» мегӯед ва гуноҳро ба гардани дигарон бор карданӣ мешавед. Шумо, ки халқро аз рамае беш намеҳисобед, пас, чаро худатонро пеши чашми мардум ширин карданӣ мешавед? Пеши Худо ҳангоми ибодатҳои дурӯғинатон ҳисобот диҳед, на пеши мардуме, ки аз шумоён, аз дассисаю иғво ва даъватҳои нав ба ошӯбу хунрезиҳои нав дилбазану дилгир шудаанд.
Ба сад фирқаву равияҳои иртиҷоӣ тақсим намудани дин аз тарафи пешгузаштагонатон камӣ мекард, ки боз бо суиистифода аз номи он Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкил кардед? Фақат ба хотири даст ёфтан ба қудрат ба шумо номи Ислом лозим асту бас. Агар дар ҳақиқат ба Ислом содиқ мебудед, дар паи муттаҳидӣ ва ягонагии уммати Ислом мекӯшидед, на парокандагию нифоқи он.
Дар ҷойи дигари мақолаатон бо хитоб ба А. Раҳнамо айёрона «хуб ёдатон ҳаст, ки харобкорон ва омилони қатлу куштори тоҷикон, маҳз аз миёни ана ҳамин мухолифони истиқлоли кишвар ва гӯяндагони «Ношигрии СССР бзанатон!» бархост. Онҳо буданд, ки бо беназмӣ ва ба роҳ андохтани қатлу куштор, даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳро водор ба ҳиҷрат ба Афғонистон намуданд, аз ҷумла, худи шумо ҳамон айём чорае ҷуз ҳиҷрат ба Афғонистон надоштед, вагарна ба дасти он ҷиноятпешаҳо (нафари 150 ҳазору якум) шаҳид мешудед!» — гуфта, ҳама ҷинояту разолати содирнамудаи худу ҳизбатонро ба дигарон бор карданӣ шуда, онҳоро душмани истиқлолият, Ислом, озодӣ номидаеду худро ҳомиву сарсупурда. Магар мунофиқӣ аз ин зиёд мешавад?
Дар ҷойи дигари мақолаатон беадолатии ҳукуматро нишон доданӣ шуда, аз Раҳнамо суол кардаед, ки «дар ҳоли ҳозир абармардон, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов куҷоянд?» Аввало, аз ҳад зиёд муболиға кардед. Вожаи муътабари «абармард»-ро ба ҳар нолоиқ начаспонед, ҳарчанд шумо ва ҳаммаслаконатон ба худ бисёр ваколатҳои Илоҳиро иҷозат додаед ва аз номи Худо сухан кардан, ба биҳишту дӯзах равон кардан, кофиру мусалмонро муайян карданро бисёр дӯст медоред. Вале абармардонро таърих, халқ муайян мекунад, на шумо. Баръакс, бояд аз худи шумо пурсид, ки шахсони ки ба афсуни шумо додашуда, барои дастгирию пуштибонии ҳуқуқӣ аз гунаҳкорони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои солҳои тӯлонӣ пушти панҷара шуданд, дар куҷоянду дар чӣ вазъанд? Ба чӣ кумаке ниёз доранд? Аҳли байти онҳо дар чӣ ҳоле ҳастанд? Мусаллам аст, ки онҳо дигар ба шумо даркор нестанд. Шумо фақат дар фикри ҷони худ ҳастед. Шеваи кори шумо чунин аст, ки баробари харатон аз ҷӯйбор гузаштан, дигар аз дӯстон ёде намекунеду батамом аз баҳрашон мегузаред.
Магар аз рӯи адолат аст, ки ҳар киро чун Раҳнамо, ки бо фаҳмидани иштибоҳи худ аз шумо гусаста, бо ҳукумат пайвастааст, мунофиқ хонед? Яъне мардуми Тоҷикистон, ки бо шумо нест, мунофиқ будаанду фақат шумоён росткору ростқавл? Бо чунин хулосабарорӣ устодатон Рустами Ваҳҳобро низ бо суханҳои «ҳакимона»-аш, ки аз афташ барои «страховка»-и худ эҷод кардааст, мунофиқ ном бурдаед, зеро ӯ ҳам дар хизмати ҳукумату давлате қарор дорад, ки шумо мухолифаш ҳастед. Рафту гуфтанӣ бошед, ки на, Рустами Ваҳҳоб танҳо ҷисман бо ҳукумат асту ботинан бо шумост, пас, ин ҳам мунофиқист.
Ба қавли шоир Алимуҳаммад Муродӣ:
Яктост Худову кош дин ҳам мешуд,
Тафриқаи байни одамон кам мешуд.
Дар даҳр ба ҷои ин ҳама динбозӣ,
Як мазҳаби ростини одам мешуд.
Ин аст доштани дилу нияти пок, имон нисбат ба миллату Ватани худ, ҷаноби Ризоӣ!!!
Тавре ки медонем, Шайтон ҳам олими бузург аст, вале Шайтон аст. Тӯтӣ ҳам суханро аз ёд карда метавонаду гуфта. Шумо бо зан болои зан гирифтан, ба айёшӣ дода шудан, дар фикри молу пул будан ва гурезогурезу дарбадариҳо кай вақт меёбед, ки тоату ибодатро ба ҷо оред? Дар ҳоле ки ба ғайр аз тиҷорати арзишҳои динӣ дигар касбу ҳунаре надоред ва пушти меҳнати ҳалол нестед, бо арақи ҷабину обилаи кафи даст нон нахӯрдаед, аз кадом ҳисоб чаҳор зан ва 8 фарзандро хӯрондеду пӯшондед ва ба воя расондеду дар донишгоҳҳои хориҷии Кувайту Австрияву Туркия хонондед? Ҳамчунин, хонаи сеҳуҷрагӣ дар маҳаллаи «Диагностика»-и шаҳри Душанбе ва ҳавлӣ бо хонаи сеқабатаи дакаданг дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб шудед? Дар бораи дигар дороиҳоятон алҳол ҳарф намезанем. Чӣ хел ва аз кадом ҳисоб дар ҷое кор накарда, ба ҳар кишвари хориҷие, ки меравед, роҳат ба сар мебаред? Шумо ва пешвоёнатон имрӯзҳо бо «сӯзу гудоз» аз шаҳид гардидани фарзандони мардум мегӯеду менависед ва дигаронро маҳкум карданӣ мешаведу худро моҳи беайб мебароред. Аммо намегӯед, ки чаро нафаре аз фарзандону наздикони худи шумо фирефтаю қурбони дасисаҳоятон нагардиданду амон монданд? Зеро ба фарзандони мардум дигар хел роҳнамоию амри маъруф мекардеду ба фарзандони худ дигар хел ва онҳоро ба хориҷ, ба зери қаноти хоҷагони хориҷии худ фиристода, баъдан худ ҳам «думро хода карда», мушвор гурехтед.
Фаразан, шумо дар ифшои сарчашмаҳои даромадҳоятон мушкиле дошта бошед, кумакатон мекунем.
Соли 2003 якҷо бо Саидумар Ҳусайнӣ ташкилоти бо ном хайриявии «Алии Ҳамадонӣ»-ро таъсис дода, бо ташкилоти хайриявии қатарӣ «Ал-Шайх Абдуллоҳ Ал-Нурӣ» бо роҳбарии Нодир Нурӣ ва ширкати «Байт-ул-Закот»-и давлати Кувайт ҳамкориро ба роҳ мондед ва онҳоро фиреб додеду муносибатҳоятон сард гардид. Соли 2013-2014 барои лоиҳаи гузаронидани лӯлаҳои оби нӯшокӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ маблағи калон гирифта, корро иҷро накардед, пулҳоро ба фоидаи худ истифода намудед. Азбаски шаҳрвандон ва ширкатҳои хайриявию тиҷоратии Кувайт бо дуздону қаллобони сиёсӣ ҳамкорӣ намекунанд, мунофиқона аъзои Раёсати ҲНИТ буданатонро аз онҳо пинҳон доштед, яъне, ба қавли худатон, аз «Ҳизби Худо» рӯ гардондед.
Ҳамчунин, солҳои 2014-2015 аз фондҳои хайриявии Кувайт 290.000 доллари амрикоӣ ба даст овардед, ки аз рӯи барнома бояд бо он дар Тоҷикистон ба ниёзмандон модагов харида дода мешуду баъди гирифтани ду сарӣ гӯсола, говҳоро ба хоҷагидорон монда, гӯсолаҳо гирифта мешуданд. Бо баҳонаи ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 пулҳоро аз худ карда, ба Туркия фирор намудед.
Солҳои 1993-2001 давраи фаъолияти Созмони ҷавонони тоҷики ҲНИТ маҳсуб меёфт, ки баъд аз Саид Умар Ҳусайнӣ, солҳои 1996-1998 сарварии он ба шумо расид. Он замон дар 10 мадрасаи калони шаҳрҳои Пешовар, Карочи, Лоҳур (Донишкадаи Абул Аъло Ал-Мавдудӣ), Исломобод: «Имом Бухорӣ», «Чамканӣ», «Ҳаётобод» (қорихона), «Дор-ул-улум Ҳаққония», минтақаи Ибитобод, мадрасаи «Ҳероъ»-и шаҳри Пешовар, аз ҷумла, шоҳидони ҳол бародарон Сафаралии Аҳрор, Аъзами Аҳрор, бародарони дигар Абӯалӣ ва Сайвалӣ, Муҳаммадшариф, зодагони шаҳри Қӯрғонтеппа, Саидшо писари Қандилшо, зодаи ноҳияи Шаҳритуз, Оятулло писари Абдурашид, зодаи Язғуломи Бадахшон дар баробари 2000 толибилм таълим мегирифтанд. Шумо барои таъмини моддию маишии онҳо маблағи калонро гирифта, сарфи маишат намудед ва бо ин ҷурм ниҳоят аз ҷониби толибилмон лагадкӯб гардида, шармандавор аз вазифа ронда шудед.
Бо ҳамин усул аз ширкатҳои гуногуни хайриявии давлати Арабистони Саудӣ низ маблағҳои зиёд ситонида, ба эҳтиёҷоти худ сарф мекардед, ки қатрае аз баҳр мебошад.
Ҳоло боз барои бенаво намондан дар Лаҳистон, ки талаби гирифтани паноҳандагии сиёсӣ доред, тасмими ташкил намудани созмони хайриявии муҳоҷирони тоҷикро пеш гирифтаед, ки аслан, ғами худро хӯрданӣ ҳастед, на аз муҳоҷиронро. Ба қавле, аз тарафи шумо барин «ғамхор» хӯрдани ғами ҳамин муҳоҷирони бечора монда буд. Ғами миллати тоҷик, толибилмонро хӯрда тамом кардед.
Аслан, ҳадафи шумо, на ғами ҳамватанеро хӯрдан, балки чун байти «неши ақраб на аз рӯи кин аст, муқтазои табиаташ ин аст», шабеҳи солҳои даргирӣ зиёд кардани сафи ҲНИТ, бо фитна бар зидди мардуму Ватан шӯронидани муҳоҷирон асту бас. Тоҷикистонро ба Сурия табдил доданӣ ҳастед. Аз пешрафту ободонӣ, тинҷию амонии Тоҷикистон ба ҷойи изҳори хушнудӣ кардан, аз алам ва аз ҳасад чун чӯби тар месӯзед? Дигарбора онро ғарқи хун дидан мехоҳед, ҳарчанд ба мақсад ҳаргиз нахоҳед расид ва дур аз хоки Ватан, то бехи гӯш ғарқи гуноҳ оламро падруд хоҳед гуфт. Шумо баринҳоро «Ношигрии СССР» чӣ, ки ношукрии обу хоки Тоҷикистон кайҳо задааст. Акнун бигӯед, ки кӣ душмани Истиқлолият, Озодӣ, Ислом будааст?
Ниҳоят, ниманасиҳату ниматаҳдид ба Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯед, ки «агар бо иваз шудани шароити замона таҳриф ҳам шаванд, таърих ҳақиқати онҳоро дар худ барои баъдиҳо нигоҳ медорад… Инсон мумкин аст барои расидан ба мақому мансаб, ба ҳар коре ҳозир шавад, вале набояд инсони шариф, шараф ва виҷдонашро фурӯшад, сарфи назар аз ин ки чӣ шароите ба сари ӯ меояд… Ҳаргиз дар қазоватҳо саросема нашавед, дурро бубинед, на пеши поятонро. Касоне, ки аз ҷодаи инсоф берун рафтаанд, дар хиҷолатанд…».
Ба дигарон насиҳат мекунеду худатон сари ин арзишҳои воло, инсоф, нафурӯхтани виҷдон, дину имон, аз ҷумла Ватан қазовате намекунед ва кайҳост, ки ин ҳамаро фурӯхтаед.
Ниҳоят, лутфан бигӯед, ки пас, кӣ мунофиқ будааст?
Абдусаломи АБДУКАРИМ,
собиқ толибилми Ҷумҳурии Исломии Покистон