«Рӯзи дарҳои кушод» дар қисми низомӣ

№29 (4612) 24.02.2023

Артиш 3Бахшида ба 30 — солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ пайдо кардани ҷавонони синни тодаъватӣ бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ дар қисми низомии 07150-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — воқеъ дар шаҳри Турсунзода «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид.

Дар он зиёда аз 400 ҷавон иштирок карда, бо шароити хизмат, ҷойи хӯрокхӯрӣ ва рахти хоб, ҳаммом ва майдони машқи сарбозон, техникаҳои муосири ҷангӣ, яроқу аслиҳаҳои муҷаҳҳази мавҷудаи қисми низомӣ шинос шуданд.

Сайидо НАЗАРОВ,

 «Садои мардум»