10 июни соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон – шаҳри Остона Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО – 2017» ба кори худ шурӯъ кард.
Он се моҳ, идома ёфта, барои ширкат дар ин чорабинӣ 115 давлати дунё ва 22 созмонҳои байналмилалӣ номнавис шудаанд. Бори аввал аст, ки Намоишгоҳи бонуфузи ЭКСПО дар яке аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор мегардад.
Тибқи иттилои дастрасшуда, 12 июн дар «ЭКСПО – 2017» Рӯзи миллии Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин рӯз баробари намоиши дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, аз ҷониби ҳунарпешагони тоҷик санъати волои мардуми мо муаррифӣ мешавад.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»