Фишурда:
Маънои «Рӯзи Қудс» рӯзи Байтулмуқаддас аст. Яъне, ҳадаф аз ҷашни рӯзи Қудси ҷаҳонӣ ба ҷиҳод даъват кардани ҳамаи мусулмонҳо барои бозпас гирифтани Байтулмуқаддас мебошад. Барои ба даст овардани Байтулмуқаддас зарур аст, ки «режими саҳюнистӣ», яъне давлати Исроил аз байн бурда шавад. Ин қадами аввал дониста мешавад. Қадами дуюм ҷиҳод бар зидди давлатҳои кофири Ғарб ҳисобида мешавад. Ҷиҳод ё худ инқилоби исломӣ билохира ба ташкили Хилофати исломии умумиҷаҳонӣ меанҷомад.
Тафсилот:
Рӯзи ҷаҳонии Қудсро Имом Ҳумайнӣ пас аз як соли пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 эълон кардааст. Он ҳар сол дар рӯзи ҷумъаи охири моҳи Рамазон ҷашн гирифта мешавад, ки чун рӯзи оғози мубориза бар зидди саҳюнистҳо ва империалистҳо ва пирӯзии Ислом дар минтақа ва ҷаҳон шинохта мешавад. Ба ифодае, Ҳумайнӣ онро чун заминае барои «инқилоби ҷаҳонӣ» пешниҳод кардааст.
Имом Ҳумайнӣ идеяи «Рӯзи Қудс»- ро дар пайравӣ аз шаби Қадр ва Меъроҷи Пайғамбар гирифтааст. Дар ҳоле ки Пайғамбар аз Байтулмуқаддас ба меъроҷ меравад. Дар шаби Қадр ва дар шабу рӯзи ҷумъа ҳама гуна муъҷизаҳо ва муқаддасоте иттифоқ меафтад, ки ҳар кас онҳоро дида наметавонад. Дида тавонистани онҳо ва мустаҷоб шудани дуоҳо вобаста ба дараҷаи бандагии мусулмонон аст. Барои ҳамин, мусулмонони вафодор шабзиндадорӣ мекунанд. Ин шаб на фақат шаби тоату ибодат, балки шаби огоҳии сиёсӣ ва омодагӣ ба ҷиҳод аст: «Ин бедорӣ, зиракиву огоҳ шудан аз мактаб ва дасисаҳои душман, тазаккур додану ёдоварӣ аз нақшаҳои манҳуси шаётини инсию ҷиннӣ мебошад.» (Асадуллоҳ Вализода -«Фаластин қазияи башарист. Шаби Қадр ва вижагиҳои равонии он» («Наҷот», № 31 (801), 31 июли соли 2014, саҳ. 4).
Ҷиҳодӣ будани «Рӯзи Қудс» боз дар ин сатрҳо ошкор мешавад:
«Аз ин ба баъд усули ҷиҳод, шаҳодат ва фидокорӣ дар роҳи ҳадаф, ки намодҳои шиаён ва шиорҳои инқилоби Эрон буд, ба унвони усули асосии ҷиҳоди исломии Фаластин матраҳ шуд». (Алиризои Муҳаммадӣ- «Рӯзи Қудс чаро?», «Имрӯз Нюс», № 133 (898), 25 июли соли 2014, саҳ. 4).
«Ҷиҳоди исломии Фаластин эълон кард: «масъалаи Фаластин як масъалаи исломӣ аст, на як масъалаи миллӣ, ки танҳо марбут ба фаластиниён бошад ва ё як масъалаи аъроб, ки фақат ба аъроб иртибот дошта бошад. Ин масъала, масъалаи ҷаҳони Ислом аст» (Алиризои Муҳаммадӣ- «Рӯзи Қудс чаро?», «Имрӯз Нюс», № 133 (898), 25 июли соли 2014, саҳ. 8).
«Ислом дини Худо аст ва бояд дар ҳамаи ақтор, Ислом пешравӣ кунад» (Алиризои Муҳаммадӣ- «Рӯзи Қудс чаро?», «Имрӯз Нюс», № 133 (898), 25 июли соли 2014, саҳ. 8).
Ҳумайнӣ «Рӯзи Қудс»-ро ба ҷойи «Рӯзи ҷаҳонии Фаластин» пешниҳод карда буд, ки ба сабаби падидаи миллиарабӣ будан пуштибонии зарурии ҷаҳонӣ пайдо накард. «Эъломи «Рӯзи ҷаҳонии Қудс» мушкилии Фаластинро аз маҳдудаи миллӣ ба исломиумумиинсонӣ табдил дод, ки боиси набарди «нарм»-и ҷаҳонӣ алайҳи саҳюнистҳо гардид ва муборизони фаластинӣ пуштибонии тамоми мусулмонони ҷаҳон, ҳатто ғайримусулмонҳоро пайдо карданд». Аз ин рӯ, «Рӯзи Қудс» рӯзи ҷиҳоди умумиҷаҳонӣ аст, аз роҳи «ҳамоҳангии ҳаракатҳои муқовимати фаластинӣ ва дигар нирӯҳои зидди саҳюнистӣ дар минтақа» ва «тағйири шакли мубориза аз миллинажодӣ (арабияҳудӣ) ба исломи- умумибашарӣ» (Сайид Иброҳими Назар- «Ҷойгоҳи «Рӯзи ҷаҳонии Қудс» дар қазияи Фаластин» («Наҷот», № 31 (801), 31 июли соли 2014, саҳ. 7-9).
«Дар ин рӯз эътирозҳо ва гирдиҳамоиҳо ташкил шуда, аз «ҳуқуқи фаластиниҳо» ҳимоя ва Исроил дар зеҳни мардум ба сифати душмани ашаддии Ислом таблиғ карда мешавад. Ҳоло «Рӯзи Қудс» дар Эрон, Туркия, Индонезия, Баҳрайн, Лубнон, Покистон, Афғонистон, ИМА, Англия ва ғайра баргузор мешавад (Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ- «Қудси шариф – Қиблаи муслимин» («Нигоҳ», № 19 (347), 31 июли соли 2013, саҳ. 10).
Номи Қудс шакли мухтасари шаҳри Байтулмуқаддас мебошад. Масалан, дар Туркия «Рӯзи Қудс» чун «Рӯзи Байтулмуқаддас» номида ва ҷашн гирифта мешавад. Яъне, Қудс гуфта шаҳри Байтулмуқаддас (Иеруссалим)-ро дар назар доранд, ки ба назари исломиҳо яке аз марказҳои асосии дини Ислом дониста мешавад. Барои ин, исломиҳо далел меоранд, ки (1) дар он ҷо ҳамаи динҳои иброҳимӣ зуҳур кардаанд, (2) он пойтахти ҳукумати Сулаймон буд, (3) ҷойи вафоти Марям буд, (4) ин шаҳрро пайғамбарони илоҳӣ (се дини сомӣ – яҳудия, масеҳият ва ислом) бино кардаанд, (5) аввалин қиблаи мусулмонон буд, (6) дуюмин масҷиди мусулмонон ва чор масҷиди муқаддас ҷойгир шудааст, (7) аз он ҷо Муҳаммад меъроҷ кард ва (8) он рамзи истодагарии мусулмонон бар зидди душманонашон, пеш аз ҳама, саҳюнистҳо ба шумор меравад.
Дар маросими «Рӯзи Қудс» масъалаи Фаластин баҳонае беш нест. Балки «Рӯзи Қудси ҷаҳонӣ» як гуна тамрине аст барои ҷиҳоди умумиҷаҳонӣ. Мусулмонон «…дар ин рӯз нидои озодии Қудсро алайҳи мустакбирон сар диҳанд ва бо тазоҳурот ва роҳпаймоӣ ва ҳар гуна иқдоми мумкин, ба ҷиҳод бархезанд» (Алиризои Муҳаммадӣ- «Рӯзи Қудс чаро?», «Имрӯз Нюс», № 133(898), 25 июли соли 2014, саҳ. 4).
Ин ҷиҳод, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки бо баҳонаи «ҳуқуқи қонунии фаластиниҳо» масъалаи дубора забт кардани Байтулмуқаддас ба миён гузошта мешавад. Таъсисдиҳандаи «Рӯзи Қудс» – Имом Ҳумайнӣ онро на танҳо рӯзи фаластиниҳо, балки «рӯзи ҳукумати мусулмонҳо» меномад. «Рӯзи Қудс» фақат рӯзи Фаластин нест, рӯзи Ислом аст, рӯзи ҳукумати Ислом аст. Ман «Рӯзи Қудс»- ро рӯзи Ислом ва рӯзи Расули Акрам (с) медонам. Рӯзе ҳаст, ки бояд мо тамоми қувваи худамонро муҷаҳҳаз кунем». Дар суханронии худ Ҳумайнӣ нияти ҷаҳонгирии худро чунин баён мекунад: «…рӯзи ҳукумати Ислом аст, рӯзе аст, ки бояд ҷумҳурии исломӣ дар сартосари кишварҳо байрақаш афрошта шавад». Ҳумайнӣ ин суханронии худро дар рӯзи таъсиси ин маросим чунин хулоса кардааст: «Аз Худованд пирӯзии мусалмононро бар аҳли куфр хосторам» (Алиризои Муҳаммадӣ- «Рӯзи Қудс чаро?», «Имрӯз Нюс», № 133 (898), 25 июли соли 2014, саҳ. 8).
Муассисон ва иштиёқмандони -«Рӯзи Қудс» чунин идеяро талқин мекунанд, ки Байтулмуқаддасро саҳюнистҳо ва ғарбиҳо забт карданд. Инро онҳо чун рамзи мазлумии ҳамаи мусулмонҳо медонанд.
Рӯзи Қудс дар зоҳир изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаҳои фаластинӣ аст, ки фарзандону занони худро аз даст додаанд. Дар асл бошад, он рӯзи тарғиби панисломизм ва ҷангҷӯйӣ ба хотири ҷаҳонисозии Ислом аст. Қудс ба маънои Байтулмуқаддас, яке аз марказҳои асосии Ислом аст, ки мусулмонон аз даст додаанд. Он қалби ҷаҳони исломӣ дониста мешавад. Забти он аз тарафи яҳудиён чун ишғолу истисмори тамоми мусулмонон тафсир карда мешавад. Дар ихтиёри душманон будани Байтулмуқаддас ба маънои он аст, ки истиқлол, амният ва манофеи миллии ҳамаи мусулмонон дар зери хатар аст.
Аз ин рӯ, «Рӯзи Қудс», рӯзи омодагӣ ба ҷиҳоди умумиҷаҳонии мусулмонон дар муқобили «тавсеаталабии режими саҳюнистӣ» (ташкили давлати Исроили бузург аз Нил то Фурот) дониста ва тарғибу ташвиқ мешавад. Худи идеяи «Исроили бузург» суиқасди фикрии худи ҷаҳонхоҳони исломӣ аст, ки мехоҳанд бо тарс додани мусулмонон аз Исроили бузург Хилофати умумиҷаҳонӣ созанд. Абдураҳмони Фаромарзӣ эрониҳоро метарсонад, ки яҳудиҳо фардо даъвои Шероз мекунанд. Дар ҳоле ки дар таърих на яҳудиҳо, балки исломиҳо на фақат як шаҳри Шероз, балки саросари Эрони бузургро истило, хору зор ва зеру забун карда буданд. Қудсиҳо арабҳоро метарсонанд, ки яҳудиҳо иддаои Мадинаро доранд. Имом Ҳумайнӣ дар мавриди Исроил мегӯяд: «Ман дар таи солиёни дароз хатари Исроили ғосибро гӯшзади муслимин намудам» (Алиризои Муҳаммадӣ — «Рӯзи Қудс чаро?», «Имрӯз Нюс», № 133 (898), 25 июли соли 2014, саҳ. 4).
Тарғибгарони «Рӯзи Қудс» Исроилро барои ҷаҳони Ислом таҳдиди бисёр ҷиддӣ медонанд. Давлати Исроил бояд аз байн бурда шавад, то ки душманони Ислом ҳузури ҳарбӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва энергетикӣ дар минтақа надошта бошанд.
«Исломиҳо даъвои худро барои аз байн бурдани давлати Исроил ба он марбут медонанд, ки яҳудиҳо ҳеҷ гоҳ дар таърих давлат надоштанд. Ҳамеша арабҳо ҳукумат доштанд. Балки Исроилро Британия ба хотири даст ёфтан ба нефт ва дигар сарватҳои табиии минтақа таъсис додааст (Бобоҷони Қаюмзод -«Нигоҳе ба пайдоиши Исроил ва қазияи Фаластин» («Наҷот», № 31 (801), 31 июли соли 2014, саҳ. 5).
«Идеяи ифротӣ ва ҷиҳодӣ будани «Рӯзи Қудс» боз дар он зоҳир мегардад, ки исломиҳо, аз он ҷумла наҳзатиҳои Тоҷикистон, ба ҳама гуна созиш бо яҳудиҳо мухолиф ҳастанд. Барои ҳамин, Ёсир Арафот ва Созмони озодибахши Фаластинро онҳо коҳиш мекунанд, ки бо «режими саҳюнистӣ» созиш мекард (Сайид Иброҳими Назар — «Ҷойгоҳи «Рӯзи ҷаҳонии Қудс» дар қазияи Фаластин» («Наҷот», № 31 (801), 31 июли соли 2014, саҳ. 5).
Шеваи иштироки наҳзатиҳо дар маросими «Рӯзи Қудс»
Солҳои охир дар Тоҷикистон мардум дар бораи «Рӯзи Қудс» асосан тавассути Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва шабакаҳои он огоҳӣ пайдо мекунанд. Тарғиботи ин маросим ҳаматарафа идома дорад. Имсол дар дафтари ҳизб бахшида ба ин маросим ҳамоиш баргузор гардид. Бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд даҳ пешниҳод, аз он ҷумла намоиши мустақими намози ҷумъаро тариқи телевизион пахш кард («Озодагон», № 28 (337), 23 июли соли 2014). Рӯзномаи ҳизбии «Наҷот», дигар матбуоти ба ин ҳизб марбут (аз қабили «Озодагон», «Нигоҳ», «Имрӯз Нюс», «Кимиёи Саодат», www.tajik.irib.ir) ва шабакаҳои байналмилалии исломии ба ҲНИТ наздик (чун Ихвонулмуслимин) дар мавриди «Рӯзи Қудс» маводҳои фаровон ба нашр расониданд. Шоирони мазҳабии тоҷик, чун Сиёвуш (Муҳаммадсидиқи Комил), Исфандиёри Назар ва ғайра дар ташаккули афкори умум дар мавриди «Рӯзи Қудс» дар Тоҷикистон шеърҳо эҷод кардаанд. Кӯдаконро ба намоишҳои эътирозӣ ҷалб мекунанд. Бо ин роҳҳо, дар кишвар афкори омма ба самти идеологияи сиёсии Ислом омода карда мешавад.
Барномае, ки исломиҳои наҳзатӣ барои ҷашни «Рӯзи Қудс» пешниҳод мекунанд, танҳо ҳамбастагӣ бо фаластиниҳо нест, балки қазияи Фаластин баҳонае беш нест. Ин як тактикае мебошад, ки наҳзатиҳо мехоҳанд, қудрат ва эътиборашонро дар байни мардум, аз як тараф ва дар ҷаҳони исломӣ, аз тарафи дигар, тақвият диҳанд. Дар ин робита, онҳо мардумро ба «бедории исломӣ бар хилофи хости ҳукуматҳои истибдодӣ ва дастнишонда…, тақвияту густариши қиёмҳои мардумии зидди саҳюнистӣ дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ» даъват мекунанд (Сайид Иброҳими Назар -«Ҷойгоҳи «Рӯзи ҷаҳонии Қудс» дар қазияи Фаластин» («Наҷот», № 31 (801), 31 июли 2014, саҳ. 5).
Ҳангомаороии ҲНИТ дар атрофи «Рӯзи Қудс» як бахше аз фаъолиятҳои ин ҳизб дар мазҳабисозии ҷомеа, аз як тараф ва аз тарафи дигар, ҳамкорӣ бо гурӯҳу ҳаракатҳои ифротии байналмилалии Ихвонулмуслимин, Ҳамос (ячейкаи Ихвонулмуслимин), Ҷиҳоди Исломии Фаластин ва Ҳизбуллоҳ мебошад. Ин ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ бозигарони асосии «Рӯзи Қудс» буда, дар ташаккули ҳувияти умумиисломӣ, заминасозии ҷиҳод ва Хилофати минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ саҳм мегузоранд. Дар як нишасти байналмилалӣ ба намояндаи Ҳамос «таслим кардани» маблағи ҷамъовардаи ҲНИТ аз аъзоён ва зиндониён (зиёда аз 30 ҳазор доллар) намунаи барҷастаи чунин ҳамкории командаи Кабирӣ бо ин шабакаҳои ихвонӣ аст. Дар ҷойи дигар Кабирӣ суханҳои пешвоёни «Рӯзи Қудс»- ро такрор мекунад, ки «қазияи Фаластин ва Қудс масъалаи арабу яҳудӣ нест. … Аввалан, масъала, як масъулияти имонӣ ва исломист, агар сиёсат ҳам бошад, сиёсат ба хотири Ислом аст» (Муҳиддин Кабирӣ -«Мушкилоти Фаластинро бояд шинохт» («Наҷот», № 31 (801), 31 июли соли 2014, саҳ. 9).
Ҳафиз Холиқзода Бобоёров,
Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
P.S. Исомуддин Шарипов
Яке аз масоиле, ки ҳафтаи гузашта дар матбуот ва доираҳои мазҳабии кишвар махсусан аз ҷониби ҲНИТ ва муътақидонаш мавриди таблиғ ва арзёбӣ қарор гирифт, ин баргузориии «Рӯзи Қудс» ба ҳисоб меравад.Пайдоиши мафҳуми мазкур ба замони инқилоби исломии Эрон марбут буда, бори авввал аз тарафи роҳбари инқилоби исломӣ Оятуллоҳ Ҳумайнӣ дар соли 1979 барои дастгирии мусалмонони Фаластинӣ эълон карда шуд.
Мусаллам аст, ки масалаи Фаластину Исроил масъалаи минтақавӣ буда, баҳсҳо ва даргириҳои эшон ҳанӯз аз соли 1948 (замони таъсиси давлати Исроил) идома дорад. Заминаи асосии баҳсҳо ва бархӯрдҳо бештар ҷанбаи сиёсӣ дошта, ба хотири манфиатҳои сиёсиву иқтисодии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳандозӣ мешавад. Дар робита ба қазияи мазкур, суоле пеш меояд, ки чаро кишварҳои арабизабони ҳамҷавори Фаластин нею маҳз Ҳумайнӣ «Рӯзи Қудс»- ро эълон дошт ва ҳадафаш аз он чӣ буд? Ба назар чунин мерасад, ки дар соли 1979, дар замони инқилоб, барои Ҳумайнӣ эълон доштани «Рӯзи Қудс» бо ҳадафи ба даст овардани имиҷи сиёсӣ дар олами Ислом ва бештар шуҳрату маҳбубият касб кардан, аз як тараф ва аз тарафи дигар, барои дур кардани мардуми Эрон аз масоили дохилӣ ҳамчун як тактикаи сиёсӣ буд. Минбаъд низ дигар роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз он ҳамчун ид ҳар сол ҷашн гирифтанд, ки онро метавон як навъ тавсеаи қудрат дар минтақа баррасӣ намуд.
Аз баромадҳои Кабирӣ ва муътақидони ҲНИТ чунин ба назар мерасад, ки эшон аз вазъияти бавуҷудомада дар Шарқи Наздик тавассути таҷлили «Рӯзи Қудс» мехоҳанд ба хотири дастгирӣ ва пӯшиши дигар кишварҳои исломии минтақа ба нафъи хеш истифода намоянд. Ҳарчанд вазъи дар Фаластину Исроил бавуҷудомада ба манфиатҳои миллии мо ҳеҷ таҳдидеро дар пай надоранд, аммо Кабирӣ вазъро таҳриф карда, ба хотири манфиатҳои сиёсӣ ва мустаҳкам намудани обрӯйи хеш дар ҷомеа худро инсондӯст ва гуманист нишон дода, бо роҳи таблиғот ва маблағҷамъоварӣ мардумро ба ҳимояти мардуми Фаластин даъват менамояд.