- мегӯяд узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон
Ду сол инҷониб сокинони ноҳияи Дарвоз дар маъракаи муҳими сиёсӣ — обунашавӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷумлаи пешсафон мебошанд. Бахусус обунашавӣ ба рӯзномаи «Садои мардум», ки яке аз рӯзномаҳои дӯстдоштаи мардуми ин диёр мебошад ва дар саҳифаҳои он аз ободонию созандагӣ, ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоии ин ноҳияи дурдаст ҳамеша хабару мақолаҳои ҷолиби диққат ва хонданибоб рӯи чоп меояд, муташаккилона сурат мегирад.
Рӯзномаи «Садои мардум» нашрияи расмӣ буда, ба воситаи он мардум аз ҷараёни ҷаласаҳои иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти вакилон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қонунҳо, навигариҳои дохилу хориҷи мамлакат огоҳӣ пайдо мекунанд, бо тафсири пурраи ин ё он кодексу қонун шинос мешаванд.
- «Садои мардум» ёрдамчии фаъоли сохторҳои давлатӣ дар маҳал буда, ба кору фаъолияти тамоми сохторҳо такони хуб мебахшад. Аз ҳама муҳим, сокинони ноҳия бо мутолиаи ин рӯзнома аз ҷараёни сафару вохӯриҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кумаку дастгирии Сарвари давлат баҳри пешрафти ҷомеаи имрӯза маълумот мегиранд,- иброз намуд зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон.
- Бо дарназардошти ин сокинони ноҳияи Дарвоз дар маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаи «Садои мардум» таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд, — гуфт дар идома раис ва афзуд: — Ҳар сокини ноҳия моҳияти обунашавиро ба рӯзномаю маҷаллаҳо хуб дарк менамояд. Имсол дар арафаи маъракаи обунашавӣ мо ситоди корӣ ташкил намуда, баробар бо кормандони мақомоти салоҳиятдор, намояндагони воситаҳои ахбори оммаро низ ҷалб намудем. Онҳо бо мардум суҳбату мулоқотҳо анҷом дода, таҳти унвони «Рӯзномаи дӯстдоштаи ман» конференсияҳо гузарониданд ва оид ба беҳтаршавии мазмуни рӯзномаҳо мубодилаи афкор намуданд.
Натиҷаи чунин кор буд, ки сокинони ноҳияи Дарвоз ба 16 номгӯй рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла ба рӯзномаи дӯстдоштаашон — «Садои мардум» обуна шуданд. Ин ҳадди охирин нест. Сокинони ноҳия мақсад доранд, ки то охири моҳи декабр боз иловатан ба рӯзномаю маҷаллаҳо обуна хоҳанд шуд.
Раиси ноҳия ҳамчунон роҷеъ ба он изҳори ақида кард, ки роҳбарияти рӯзномаи «Садои мардум», мухбирони дар маҳалбуда на танҳо бо мақомоти маҳаллӣ, балки бо тамоми идораву муссисаҳо, зиёиён, пешқадамони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, ашхоси барӯманд алоқаи зич дошта, пешрафту комёбӣ, ободии маҳалро дар саҳифаҳои рӯзнома инъикос менамоянд.
- Хуб ҷараён гирифтани маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаи «Садои мардум» аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми ноҳияи Дарвоз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро сидқан дастгирӣ намуда, азми қавӣ доранд дар пешрафту шукуфоии Ватани азиз ҳиссаи муносиб гузоранд,- ҳусни анҷом бахшид суҳбатро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон.
Ш. Шоҳкосим, «Садои мардум»