Пешсафони обуна - 2016

РӮЗНОМАҲО ОИНАИ ЗИНДАГИАНД,

№162 (3463) 28.11.2015

рраис- мегӯяд раиси ноҳияи Ховалинг Мирзозода Нурулло Абдулҳай

- Ҳамасола дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифтани маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ аз ҷониби сокинони ноҳияи Ховалинг, пеш аз ҳама, ба завқи баланду маърифатпарварии онҳо вобастагӣ дорад, — иброз дошт раиси ин ноҳия Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар оғози суҳбат бо хабарнигори рӯзнома ва афзуд: — Бидуни тавсиф, вақте кас номи Ховалингро ба забон меоварад, филҳол  дар баробари Восеи қаҳрамон, симои як қатор зодагони қаламкаши он пеши назар меояд. Шодравонҳо Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ  ва боз чанде дигарон аз қабили рӯзноманигороне буданд, ки солҳои шастуму ҳафтодум ва минбаъдаи асри ХХ ба воситаи мақолаҳои таҳлилию рӯзмарраи  хеш мардуми шарифи кишварро ба худшиносию ватанпарварӣ  ва озодандешӣ талқин менамуданд. Ҳоло сокинони донишдӯсти Ховалинг  бо нақши хомаи  ин зодагони машҳури худ ифтихор мекунанд. Ҳамин муносибати нек аст, ки сари ҳар вақт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хотири бузургдошти рӯҳи поки онҳо чорабиниҳои хотирмон баргузор мешавад.

Ба наздикӣ  ба муносибати 70- солагии шоир Ҳабибулло Файзулло, ки фаъолияти меҳнатии хешро дар яке аз рӯзномаҳои ноҳиявии минтақаи Кӯлоб шурӯъ намуда буд, ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Ба он ҷамъомади бошукӯҳ як гурӯҳ шоирону нависандагони шинохтаи кишвар даъват ва аз роҳи тайкардаи ӯ ёдовар шуданд. Натиҷаи ҳамин муҳаббати мардум ба фарҳангу дониш, билхоса ба рӯзномаю маҷаллахонӣ аст, ки як қисм муассисаву кӯчаҳои маркази ноҳия  ба номи  баъзе аз ин қаламкашон гузошта, нимпайкараҳо низ бунёд шудаанд.

Шахсан худ аз овони бачагӣ ба рӯзномаву маҷаллахонӣ таваҷҷуҳи хос дорам, зеро дар оилаи рӯзноманигор ба камол расидаам. Падарам Абдулҳай Мирзоев дар солҳои чилум ва панҷоҳуми садаи гузашта дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ховалинг» фаъолият мекарданд. Ҳоло дар ноҳияи Восеъ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба хотири гиромидошти номи ӯ ҷоиза таъсис ёфтааст, ки ҳамасола дар арафаи Иди матбуот тақдим мешавад. Ғолиб он рӯзноманигоре дониста мешавад, ки тӯли сол дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар оид ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия мақолаҳои таҳлилию проблемавӣ ба табъ расонида, дастовардҳои онро муаррифӣ намояд.

Тавре огаҳӣ дорам, дар ҷамъбасти охир ин ҷоиза насиби хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Кӯлоб гардида буд. Дар робита ба ин гуфтаниам, ки  сокинони ноҳияи Ховалинг, баробари дигар рӯзномаву маҷаллаҳо, ба рӯзномаи «Садои мардум»  низ дилбастагии дучанд доранд, зеро маҳз ҳамин рӯзнома аст, ки нисбат ба дигар нашрияҳо оид ба зиндагии сокинони ин гӯшаи зебоманзари бостонӣ бештар хабару мақолаҳо ба чоп мерасонад. Мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома, ки зери унвони «Диёри беназир ва Ватани нахустодамон» ду сол қабл ба чоп расида буду дар хусуси гузаштаву имрӯзаи дурахшони Ховалинг ҳикоят мекард, дар хотирам нақш бастааст.  Хабарнигорони ховалингӣ амсоли Амир Сайиди Мункӣ бо рӯзномаи мазкур алоқаи ҳамешагӣ дорад. Маҳз ҳамин муносибат аст, ки айни ҳол 260 нафар сокинони ноҳия ба рӯзномаи «Садои мардум» обуна шудаанд.

- Рӯзномаҳо оинаи зиндагианд, зеро дар онҳо ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа бо бурду бохташ акс меёбад. Мардум хостору муштоқи онанд, ки ин оина ҳамеша тозаву шаффоф ва хушнамо бошад, — хулоса кард Мирзозода Нурулло Абдулҳай.

Таҳияи Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»