Мусоҳиба бо нахустин котиби масъул, собиқ ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», роҳбари медиа-холдинги «оила» Шариф Ҳамдампур
- Шумо яке аз нахустин кормандони рӯзномаи «Садои мардум» ҳастед, ва табиист, ки аз ташвишҳои ташкили он хуб огоҳед. Мегуфтед, ки интихоби номи рӯзнома чӣ гуна сурат гирифт ва аз ҷониби кӣ пешниҳод шуд?
- Дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ нашрия бо унвони «Овози халқ» барои баррасӣ пешниҳод гашт. Намояндагони мардумӣ қариб бо як овоз ҷонибдори ин ном буданд. Вале сармуҳаррири навтаъин Муродуллоҳ Шерализода муқобил баромад ва номи «Садои мардум»-ро пешниҳод намуд. Баҳс доманадор шуд. Азбаски Шерализода донандаи хуби забон буд, таҷрибаи бойи тарҷумонӣ дошт, собит кард, ки номи пешниҳодкардааш табиӣ, мардумӣ ва дар қолаби забони тоҷикист. Дар Маҷлиси Олӣ вакилони мардумие буданд, ки забонро хуб медонистанд ва ба ӯ ҳамовозӣ карданд. қисми зиёди вакилон зери таъсири таҳлил ва баррасии амиқи сармуҳаррир ин номро тарафдорӣ карданд.
- Саҳми Шумо ҳамчун аввалин котиби масъули рӯзнома дар омода намудани шумораи нахустин калон аст. Бо гузашти 30 сол эҳсосеро, ки он замон доштед, ба ёд оварда метавонед?
- Дар матбуот масъулияти омода ва нашри рӯзнома асосан ба дӯши котиби масъул аст. Ин баст он замон номенклатураи Президиуми Шӯрои Олӣ буд. Пас аз сармуҳаррир ман дуюмин шахсе будам, ки барои кор дар рӯзнома пешбарӣ ва тасдиқ гаштам. қазияи ба «Садои мардум» омаданам чунин буд: Як бегоҳ Шерализода, ки бо он кас дер боз шинос будам, наздашон даъват карданд. Он вақт ёрдамчии қаҳҳор Маҳкамов Раиси Совети Олии РСС Тоҷикистон буданд. Пас аз муқаддимаи кӯтоҳ гуфтанд, ки барояшон вазифаи сармуҳаррирӣ ба рӯзномаи ҳанӯз таъсиснаёфтаи Шӯрои Олӣ пешниҳод гаштааст, вале дудилаанд, ки қабул кунанд ё не. «Шумо, Маҳмадшариф, хатмкардаи факултаи журналистии Донишгоҳи давлатии Москва ба ном М. Ломоносов ҳастед, собиқаи кор дар «Комсомольская правда», «Коммунисти Тоҷикистон» доред. Агар шумо розӣ шавед, ки ба кор оед, ман ҳам ин вазифаро қабул мекунам». Он вақт ман дар «Газетаи муаллимон» (собиқ «Маориф ва маданият») кор мекардам. Он ба номи муаллимон бошад ҳам, доираи мавзӯоташ фарох ва миёни мардум шуҳрату маҳбубият дошт. Беҳтарин шоирону нависандагон, публисистон, аз ҷумла, Ҷумъа Одина, Бозор Собир, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Бахтиёр Муртазоев, Доро Дӯст, Мирзо Боқӣ… аз он даргоҳ берун омада буданд. Ман ба хотири мактаби сармуҳаррири собиқи ин нашрия Бӯринисо Бердиева, ки мактаби хоси рӯзноманигориро роҳандозӣ карда буд, «Коммунисти Тоҷикистон»-ро тарк карда будам. Аммо сухани Шерализодаро нашикастам. Зеро аввал, нисбаташон эҳтироми хоса доштам, дуюм, ба рӯзномае ба кор меомадам, ки ҳанӯз вуҷуд надошт. Ин ҳам як мактаби худсанҷӣ буд, ки то кадом андоза метавонем кори рӯзномаро аз сифр ба роҳ монем. Ибтидо кор аз ҷалби рӯзноманигорон оғоз ёфт. Он вақт «Тоҷикистони советӣ» (сармуҳаррир М. Муҳаббатшоев), «Комсомоли Тоҷикистон» (сармуҳаррир Абдуфаттоҳ Воҳидов) хеле серхонанда ва пуртаъсир буданд. Рӯзнома ҳар рӯз чоп мешуд. ҳоло, ки чопи рӯзномаҳо компютерӣ шудаанд, кор осон, аммо он вақт ленотипӣ буд, ҳар ҳарф бо қурғошим чида, саҳифабандӣ мешуд. Котибот қариб ҳар шаб то соати 4-и саҳар дар матбаа буд. Соати 8 ба кор меомадем. Тасаввур кунед, ки то кадом андоза чопи рӯзнома пурмашаққат буд. Он замон вазифа масъулият буд. Барои як ҳарфи ғалат аз кор меронданд. Ба ин хотир ҳамаи рӯзноманигоронро эҳсоси масъулият фаро гирифта буд.
- «Садои мардум» бо сабку услуби хоси пешниҳоди матлаб ба майдони матбуоти тоҷик ворид шуда, дар муддати кӯтоҳ шуҳрат ёфт. Дар зуд муваффақ шудани рӯзнома саҳми сармуҳаррири нахустини он шодравон Муродуллоҳ Шерализодаро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Бурди ҳар рӯзнома ба сармуҳаррири он сахт алоқаманд аст. Замони шӯравӣ ҳафтаномае бо номи «Литературная газета» чоп мешуд. ҳамкурси ман Алексей Черниченко котиби масъули он буд. Аз ӯ боре пурсидам, ки асрори муваффақияти ҳафтанома дар чист? «Дар сармуҳаррири он Александр Чаковский», — гуфт вай». Шерализода роҳбари касбии беҳамто буданд, қалами таҳрири хуб доштанд, одилу олим буданд, ҳама масъулиятро ба дӯш мегирифтанд, ба зердастон ҳамчун ба дӯсту бародар муносибат мекард, рӯйхотирбин набуд. Дуюм, журналистони касбиро ҷамъ овард. Сеюм, корро дар заминаи рақобати солим ба роҳ монд, кормандонро ба ду гурӯҳи эҷодӣ тақсим кард ва ҳар гурӯҳ рӯздармиён мақолаҳои нашрияро омода месохтанд. Чорум, мақсад ва стратегияи рӯзномаро хуб тарҳрезӣ карда буданд. ҳама атрофи роҳбар не, ҳадафи рӯзнома муттаҳид шуда буданд. Яке аз ҳадафҳои аввалин аз нигоҳи муҳтаво ва теъдоди нашр аз «Тоҷикистони советӣ» гузаштан буд. Аллакай дар шаш моҳ «Садои мардум» ҳам аз нигоҳи муҳтаво ва ҳам теъдоди нашр аз «Тоҷикистони советӣ» бартарӣ пайдо кард. Дар ёд дорам, теъдоди нашри «Тоҷикистони советӣ» 220 000, «Садои мардум» ба 260 000 расид. Дар заминаи обунаи маҷбурӣ не, фурӯши озод. «Садои мардум» даст ба даст мегашт. Албатта, ин ҷиҳат дигар рӯзномаҳоро нороҳат кард, вале усули нотакрори роҳбарии Шерализода шуҳрат ва маҳбубияти рӯзномаро зина ба зина боло мебурд.
- Тавре маълум аст, таъсис ва ба фаъолият шурӯъ намудани рӯзномаи «Садои мардум» ба даврае рост омад, ки кишварро кашмакашҳои дохилӣ фаро гирифта буд. Аз саҳифаҳои рӯзнома маълум аст, ки «Садои мардум» дар он давраи душвор низ аз мавқеи Ҳукумати конститутсионӣ ҳимоя кардааст. Оё дар чунин шароити печида фаъолият кардан мушкил набуд?
- «Садои мардум» шояд ягона нашрияе буд, ки то рӯзи марги Шерализода қотеъона аз мавқеи ҳукумат дастгирӣ мекард. «Тоҷикистони шӯравӣ» («Ҷумҳурият»), «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») аллакай калаванда буданд. Мустақим ва ғайримустақим майдони «Шаҳидон»-ро ҷонибдорӣ мекарданд. Он рӯзҳо дар «Садои мардум» таҳти унвони «Як сӯ мотам, як сӯ тараб» бо имзои Аскари Замон гузориш чоп шуд, ки аз ҷаласаи пинҳонии сарварони майдони «Шаҳидон» дар шаҳри Душанбе ҳикоят мекард. Номи аслии муаллиф ба ду кас маълум буд: сармуҳаррир ва муаллиф. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ муаллифони дурӯғин пайдо шуданд, ки ин мақоларо ба худ мансуб медонистанд. Пинҳон кардани номи муаллиф он замон беҳуда набуд. «Чароғи рӯз» барои пайдо кардани муаллифи асосӣ 1 000 000 доллари ИМА мукофот эълон кард. Чунин буд мавқеъ ва ҷасорати «Садои мардум», ки аз мавқеи сармуҳаррираш бармеомад. Шерализода ҳамчун сармуҳаррир ва вакили парлумон онҳоеро, ки аз дастархони ҳукумат нон мехӯрданду майдони «Шаҳидон»-ро дастгирӣ мекарданд, зери тозиёнаи танқид қарор дода буданд. Идораи «Садои мардум» дар бинои парлумон қарор дошт ва ҳар лаҳза шоҳиди манзараҳои пурфоҷиа будем. Мутаассифона, вазъ ба мавқеи баъзе аз рӯзноманигорони «Садои мардум» низ бетаъсир намонд. Субҳи 5 майи соли 1992 шаш рӯзноманигори «Садои мардум» дар «Комсомоли Тоҷикистон» изҳорот пахш карданд, ки дар мавқеи ҳукумат қарор доштани «Садои мардум» ва сармуҳаррири онро зери танқид қарор дода буданд. Он вақт ман ба сифати ҷонишини сармуҳаррир кор мекардам. Субҳ барвақт Шерализода ба кабинетам даромаданд. Рӯяшон дуд гирифта буд. Гуфтанд, ки муаллифони изҳоротро наздашон даъват кунам ва номи яке аз онҳоро, ки ҳамеша дастгириаш мекарданд, ба забон оварда гуфтанд, ки «аз пуштам ханҷар зад». Ба даъвати онҳо рафтам, вале ҳеҷ кадомаш ба кор наомада буданд. Дастур доданд, ки кормандонро соати 15.00 ҷамъ оварам ва худашон ба маҷлиси Шӯрои Олӣ рафтанд. Шояд мехостанд бо ҷашни матбуот табрик кунанд. Он рӯз ҷаласа, аз он ки квота набуд, ҳар соат мавқуф гузошта мешуд. ҳамон рӯз соати 17.24 Шерализодаро ба қатл расониданд. Марги ӯ беасрор набуд.
- Зиёда аз 20 сол аст, ки медиа-холдинги «Оила»-ро роҳбарӣ менамоед ва аксар лоиҳаҳои роҳандозикардаатон дар соҳаи журналистика дастгирӣ шудаанд. Оё дар ин муваффақиятҳо таҷрибаи дар «Садои мардум» андӯхтаатон нақш гузоштааст?
- Аз рӯзи таъсиси нашрияҳо 20 сол не, қариб 30 сол мешавад. Албатта, кор дар ҳар нашрия як мактаб аст. Мактаби «Садои мардум» нотакрор аст. Дар он беҳтарин рӯзноманигору публисистҳо ҷамъ омада буданд. Марҳум Умриқул Ҳақбердиев, Бахтиёр Муртазоев, Қироншоҳ Шарифзода, Додоҷон Раҷабӣ, Акбари Саттор, Фотеҳ Абдуллоҳ, Мирзомаҳмуд Мирбобоев… Аксар рӯзноманигорони «Садои мардум» замони Истиқлолияти давлатӣ асосгузорони журналистикаи муосири тоҷик ҳастанд. Ин гапи бофта нест, ин воқеият аст.
- ҳамчун як нафари таъсиргузор дар соҳаи журналистика нақши «Садои мардум»-ро дар пур кардани фазои иттилоотӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Ба андешаи Шумо, рӯзнома рисолати ба дӯшаш гузоштаро иҷро карда истодааст?
- Албатта, «Садои мардум» нашрияи расмии парлумон аст. Возеҳ аст, ки рисолати худро ҳамчун нашрияи парлумон пурра иҷро мекунад. Аммо дар доираи мавзӯоти парлумонӣ маҳдуд сохтани фаъолияти он доираи хонандагонро низ маҳдуд месозад.
- Дар шароити кунунӣ, ки технология рушд кардааст, рӯзномаҳо бо истифода аз имконоти шабакаи интернет фаъолияти густурда доранд. Хусусан, расонаҳое, ки зери роҳбарии Шумо фаъолият мекунанд, дар ин самт пешсафанд. Барои боз ҳам муваффақ ва таъсиргузор будани онҳо ба таври лозима чӣ пешниҳод мекунед?
- Дар баробари принт ба роҳ мондани версияи электронӣ, роҳандозии саҳифаҳои махсус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, таргет, истифода аз видео. Технологияи интернетӣ ҳар рӯз нав шуда, такмил меёбад. Такя ба журналистикаи классикӣ маънии ҳамқадами замон набуданро дорад. Такя ба рӯзноманигороне бояд кард, ки ҳам хуб менависанду ҳам аз технологияи иттилоотии муосир бохабаранд.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»