Раҷаббой Аҳмадзода бо дарёфти 90 дарсад овоз вакил интихоб гардид

№28 (3822) 03.03.2018

25 феврали соли 2018 дар ҳавзаи интихоботии «Ғафурҷон Ортиқов, №20»- и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ҷойи вакили хориҷшуда баргузор шуд.

Барои соҳиб шудан ба ин мақом 3 нафар — иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 Шаҳло Мирзоева ва раиси хоҷагии деҳқонии «Фаровон» Комилҷон Султонов пешбарӣ шуданд.

Бино ба иттилои раиси Комиссияи вилоятии интихобот Шарифуллоҳ Абдуллозода, бо гирифтани зиёда аз 90 дарсади овозҳо (қариб 12,5 ҳазор интихобкунанда) иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вакили  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб гардид.

***

Он рӯз дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ашт низ интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд баргузор шуд. Аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда, 2» — и шаҳри Хуҷанд раиси шаҳр Муҳаммадзода Маъруф ва аз ҳавзаи интихоботии «Марҳамат, 43» — и ноҳияи Ашт раиси ноҳия Мирдадо Зариф вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб гардиданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»