Чанде пеш ҷаласаи фаъолони вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти нуҳмоҳаи нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ баргузор гардид.
Муовини якуми раиси вилоят Хол Ҳайдар зикр кард, ки қисми даромади буҷети вилоят ба 1 — уми октябри соли 2019 ба андозаи 93,4 фоиз иҷро ва ба буҷет назар ба нақша 119 млн. сомонӣ кам маблағ ворид шудааст. — Вазъи соҳаи саноат низ мувофиқи мақсад нест, — гуфт ӯ ва афзуд, ки бино ба маълумоти Сарраёсати омори вилоят, аз 612 корхонаи саноатӣ дар 148 ададаш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсолот паст рафтааст. Назар ба қавли муовини раиси вилоят дар ин давра 80 корхона бо сабабҳои объективию субъективӣ аз фаъолият бозмондааст ва фаъолияти 31 корхонаи дигар пурра қатъ гардидааст.
Аз пурсишу посухи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулони соҳа маълум шуд, ки сабаби асосии чанд моҳи охир ташвишовар будани вазъи иҷрои ҷамъоварии андоз аз фаъолият мондани яке аз корхонаҳои азими вилоят — ҶДММ «Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» аст. Қайд гардид, ки қарзи ин коргоҳ дар назди буҷет таи се моҳи охир беш аз 140 млн. сомониро ташкил додааст.
Сабаби пардохт нашудани маблағи андозро масъулони корхона дар интиқол наёфтани маҳсулот ба давлати Чин медонанд. Масъулони соҳаи саноати вилоят бошанд, иллати ин ҳолатро бинобар муваққатан мавҷуд набудани вагонҳои холӣ маънидод карданд. Роҳбарияти Қитъаи суғдии роҳи оҳани Тоҷикистон муваззаф карда шуданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ корхонаро бо вагонҳо таъмин кунанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти кормандони мақомоти андози вилоят эроди ҷиддӣ гирифта гуфт, ки вазифаи худро ба таври бояду шояд иҷро намекунанд ва ин яке аз омилҳои сари вақт ва сифатнок иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз дар вилоят шудааст.
Ҳамчунин, маълум гардид, ки як сабаби асосии ба таври мавсимӣ фаъолият кардан ё аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ мавҷуд набудани бозори фурӯши маҳсулот аст. Азимтарин корхонаи саноатии вилоят — «Ҷавонӣ», ки то ин дам бозори худро дошт, низ дар фурӯши маҳсулот ба мушкил дучор шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба буҷет 3 млн. сомонӣ кам андоз супоридааст.
- Масъулон дар ҳалли мушкилоти андозу саноат бояд ҷиддӣ бошанд, — таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода, — зеро натиҷаи фаъолияти мову шумо, пеш аз ҳама, аз рӯи иҷроиши нақшаи буҷет баҳогузорӣ мешавад. Иҷрои нақшаи буҷет бошад, аз фаъолияти муътадили корхонаҳои саноатӣ вобастагии калон дорад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, вазъи фаъолияти дигар соҳаҳо, аз ҷумла, тандурустиву маориф, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, пешгирии қонуншиканӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушӣ, афзоиши гирифторӣ ба ВНМО, аз ҳад зиёд гарон будани нархи гузаштан аз назорати тиббӣ барои бачагон ва ғайра мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтанд ва ба масъулон бобати ислоҳи вазъият супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»