Раҳмат Қудратов: Собиқадорони ҷанг аз Ҳукумат миннатдоранд

№61 (3362) 28.04.2015

Рахмат кудратовҶанги Бузурги Ватанӣ, ки бо таъбири  устод Лоҳутӣ «хунину бераҳмона буд», 70 сол муқаддам бо пирӯзии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба охир расид. Дар қатори дигар халқу миллатҳо, тоҷикон низ дар таъмини ғалаба бар фашизм саҳми намоён доранд. Дар он давра аз Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар дар ин ҷанг иштирок намуда, 92 ҳазор нафар барнагаштанд. Ғайр аз ин, меҳнаткашони ҷумҳурӣ бо қувваю ғайрати даҳчанд заҳмат кашида, мунтазам ба фронт молу маҳсулот равон мекарданд. Барои хизматҳои шоён ба нафъи халқу Ватан имрӯз роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон собиқадоронро зери таваҷҷуҳи хоса қарор додааст. Дар арафаи Иди Ғалаба бо раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратов ҳамсуҳбат шуда, доир ба омодагиҳо ба ҷашн, вазъи иҷтимоии иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва дигар масъалаҳо пурсон шудем.  

Тавре номбурда изҳор дошт, ба ҳолати якуми апрели соли равон 849 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буда, пайваста аз кумаку дастгириҳои Давлату Ҳукумат ва соҳибкорони хайрхоҳ бархӯрдоранд.

- Ҳар сол дар арафаи Иди Ғалаба ба кулли собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораҳо, соҳибкорон, донишгоҳу донишкадаҳо, таълимгоҳҳои миёнаи махсус кумаки моддиву маънавӣ расонида мешавад. Инчунин аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои бесаробонмондаи онҳо кумаки яквақтаина мерасонанд. Солҳои гузашта ин кумак дар ҳаҷми 1000 сомонӣ буд, — изҳор дошт Раҳмат Қудратов.

Миёни вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба масъалаи дастгирии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр ҷиддӣ муносибат менамояд. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни ҷанг ва оилаҳои бесаробонмондаи онҳо ҳар моҳ изофа бар нафақаи меҳнатиашон 700 сомонӣ пардохт мешавад. Ба заҳматкашони ақибгоҳ, ҷанговарони интернатсионалист, зарардидагони садамаи Чернобил, нафақахӯрони аҳамияти ҷумҳуриявидошта  низ дар арафаи идҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ёрдам карда мешавад.

-Ман ҳар сол дар маҷлиси раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Пленуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ки дар шаҳри Москва баргузор  мешавад, иштирок карда, суханронӣ мекунам. Ин иқдоми Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар тамоми баромадҳоям мегӯям. Дар Москва низ гуфтам, ки раиси пойтахти мо нисбати маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғамхориҳои зиёде зоҳир мекунад, -  иброз дошт Р.Қудратов. Тавре ҳамсуҳбатам изҳор дошт, ин гуна кумакҳои хайрхоҳонаро на дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дидан мумкин аст. Ду сол пеш як соҳибкор дар ноҳияи Темурмалик ба ҳар як собиқадори ҷангу меҳнат, ки дар умум 64 нафарро ташкил доданд,   1000 долларии ИМА кумак намуд. Худаш шахсан ин маблағро супорид. Дар яке аз деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ низ соҳибкоре ба собиқадорони ҷангу меҳнат 52 тонна орд кумак карда буд. Ҳамин гуна дастгириҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мунтазам ба амал меояд, ки нишон аз ғамхории роҳбарон нисбати собиқадорон аст. Имтиёзи дигаре, ки собиқадорони ҷангу меҳнат аз он бархӯрдоранд, хизматрасониҳои ройгони тиббӣ мебошад.

Раҳмат Қудратов доир ба ин масъала гуфт, ки бо  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат доштааст ва тибқи фармони вазир тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат ройгон расонида мешаванд. Инчунин дар ҳама беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо утоқҳои махсус ташкил шудааст, ки беҳтарин табибон мувофиқи ҷадвали сардухтур ба онҳо хизмат мерасонанд. Ҳатто ба хонаҳояшон низ рафта, аз аҳволашон хабар мегиранд. Ғайр аз ин, Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии  собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» — и ноҳияи Варзоб дар мавсими истироҳатӣ дар ҳафт баст ба муддати 18 рӯзӣ фаъолият намуда, имконияти ба табобату истироҳат ва тавонбахшӣ фаро гирифтани 470 нафар ниёзмандонро доро мебошад.

Ҳамсуҳбатам гуфт, ки мутаассифона, аз 63 нафари бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазоворшуда ягон нафар дар қайди ҳаёт нестанд. Аз  15 нафар ҷанговарони шуҷои тоҷик, ки сазовори се дараҷаи ордени «Шараф» гардидаанд, танҳо як нафар — Абдуназар Фармонқулов, аз шаҳри Истаравшан дар қайди ҳаёт буда, 93 сол дорад.

Р. Қудратов дар хотимаи суҳбат гуфт, ки барои сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ҳанӯз аз соли гузашта тайёрӣ дидаанд. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013 «Дар бораи Барномаи омодагӣ ба 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо нақшаи  чорабиниҳо тартиб дода, нишондодҳои онро  иҷро карда истодаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»