Раҳматуллопаҳлавон

№118 (4538) 22.09.2022

IMG-20220920-WA0003Қиссаи нави воқеии Диловари Мирзо, хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум», аз рӯзгори паҳлавони  маъруф Раҳматуллои Мирзо ҳикоя мекунад. Порае аз онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Раҳматулло болои теппа баромада, ба рафтори бачаҳои шӯх нигарист. Шояд замони бачагиашро ба хотир овард ва ё ба бачаҳои фориғ аз ғам ҳасад бурд.

- Афсӯс, ки бачаҳо айёми кӯдакиро бефоида мегузаронанд. Агар шароит мебуд, — зери лаб ғурғур кард ӯ, — Ҳоло дар кӯҳистон калонсолон ғами ҷисман обутоб ёфтани бачаҳоро намехӯранд.  Андеша намекунанд, ки барои ҷомеаи мо ҷавонони бақуввату тансиҳат мисли обу ҳаво заруранд.

Чанд рӯз пеш ба назди директори хоҷагӣ даромадам, хоҳиш кардам бароям машқгоҳ ҷудо намоянд, аммо ӯ гапи маро шунидан нахост. «Туро чӣ зарурат афтод, ки дар бораи ҷавонҳои совхози мо фикр кунӣ?». Ҳоло барои мо сохтани ферма заруртар, идораи нав сохтан лозим, гармхона, анбор муҳимтар, — гуфт директор.

Ҳоло дигар ӯ на бачаҳои аспаксаворро медиду на хандаҳои онҳоро мешунид, балки дар олами дигар, дар олами андеша бо гузаш­таи хеш дар муҳовара буд.

Кӯдакии ӯ низ дар ҳамин деҳа-деҳаи Тарбулоқ гузашт. Дар он айём касе парвои бачаҳо надошт. Онҳо мисли сабзаи худрӯй ба воя мерасиданд. Боре падараш Мирзо аз маркази ноҳия баргашт, ошуфтаву парешон буд ӯ. Касе ҷуръат надошт аҳволашро бипурсад, аммо амаки Мирзо дами хӯроки бегоҳирӯзӣ пеши аҳли оила арзи ҳол кард:

- Байни ҷавонҳои ҳозира ору номус гуфтани гап намондааст. Мо пирони рӯзгордида бо ҳазор умед ба маркази ноҳия рафтем. Умед доштем, паҳлавонҳои мо дар рӯзи ид табъи болидаи моро болидатар хоҳанд кард. Сад афсӯс, ки гапи хона ба бозор рост намеомадааст. Як бачаи шаҳрӣ баромад, аввал касе ӯро ба назар нагирифт. Ҳамаро рӯи ҳам чид. Паҳлавон будааст. Дигар касе ҷуръати ба майдон баромадан надошт. Аз шарм замин накафид, ки даромада панаҳ барам — е…

Замонҳои пеш ҷавонҳо мисли ҷавонони даврони мо нони муфт намехӯрданд. Умрашон паси сипори говҳо мегузашт. Дари хонаи бойҳо хизмат мекарданд ва бо сад азоб як бурда нони хӯрданӣ меёфтанд, вале рӯзи нанг на аз об тарс доштанду на аз оташ ҳарос.

Раҳматуллои хурдсол, ки борҳо сифати зӯри бозуи Қандилро аз падар шунида буд, ҳоло аз қаҳру ғазаби ӯ ибо накарда, беихтиёр пурсид:

- Қандилпаҳлавон зӯр буд, падар?

- Якбора чеҳраи пирамард гул кард ва аз он қаҳру ғазаб дар чеҳрааш осоре ҳам намонд. Пиёлаи чойро рӯи дастархон гузошт ва тоқиашро аз сар гирифта, паҳлуи пиёлаи чой монд. Як лаҳза ба нуктаи номаълум дида дӯхту сипас риштаи кандашудаи суханашро аз нав пайваст:

- Аҷаб паҳлавон буд. Ҳангоми роҳ рафтанаш кас гумон мекард, ки пойҳояш ба вазни ӯ тоб намеоранду ҳозир меғалтад. Вале ба майдон ки мебаромад, аз нахчир чобуктар мешуд. Он солҳо мардум дар кор обутоб меёфтанд. Қандилпаҳлавон қанори пури гандумро бо як дасташ мебардошт. Мардум мегуфтанд, ки аз паҳлавонони Фарғонаву Дарвоз дасти пир гирифтааст.

Амаки Мирзо боз хомӯш гашт, бо як қулт чой гулӯи хушкидаашро тар карду аз нав ба қисса оғоз намуд.

Солҳои аввали ҳукумати нав мо як гурӯҳ ҷавонони Қалъаи Лаби Об ба Фарғона раф­тем. Ана дар ҳамон ҷо касе тӯй доду гӯштин шуд. Ду-се ҷавонмарди қафқозӣ паҳлавонҳои моро пушт ба замин кӯфтанд. Аз дилтангӣ гиряи кас меомад. Даст ба дуо бардоштем. Кош, Қандил меомаду ҷавоби онҳоро медод. Ҳамин вақт аз як гӯшаи биёбон саворе пайдо шуд. Қандил будани ӯро ҳама фаҳмиданд, шодона фарёд заданд. Дар як лаҳза се паҳлавони филтанро пушт ба хок зад. Як ҳафта шоду хурсанд базму бозӣ кардем. Кош, аз сарзамини Қаротегин боз мисли Қандил паҳлавонҳо рӯянд…

Раҳматулло ба нақли падар гӯш медоду ба Қандил ҳасад мебурд. Мехост, нангбардори мардуми кӯҳистон бошад. Дар тӯю маърака ба паҳлавонҳо дастболо шуда, табъи одамонро шод гардонад. Вале ҳанӯз кӯдак буду касе парвои гӯштин омӯхтани ӯро надошт.

Боре дар деҳаи Тоҷикобод гӯштин шуд ва аввал ҷавонон ба майдон баромаданд. Бо ташвиқи дӯстонаш Раҳматулло вориди майдон гашт. Ҳазорон чашм ба ӯ дӯхта шуд ва дар нигоҳи онҳо маъниҳои гуногунро мехонд. Даступо хӯрд, лаҳзае чӣ кор карданро надонисту хост аз майдон берун барояд. Вале шавқи гӯштину ғурури ҷавонӣ ӯро аз райъаш гардонд. Ҳар чӣ бодо бод. Ҳамон рӯз бар се нафар дастболо гардид. Он вақт Раҳматулло дар синфи ҳаштум мехонд. Паҳлавони номии ноҳия Давлатёр дар гӯштин иштирок дошт. Диққати ӯро ҷасорати ҷавон ҷалб кард. Баъд ӯро ба наздаш хонду хеле суҳбат карданд. Аз ҳамон рӯз Давлатёр-паҳлавон ба Раҳматулло нозукиҳои гӯштини тоҷикиро ёд дод. Акнун ӯ ба майдон тез-тез мебаромад. Беибо аз камарбанди ҳарифаш мегирифт. Айёме ки нуздаҳ сол дошт, ба ҳайси намояндаи ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) барои мусобиқаи гӯштингирӣ ба ноҳияи Ҷиргатол (ҳозира Лахш) рафт. Гӯштин ба хотираи инқилобчии шуълавар яке аз барқароркунандагони Ҳокимияти Шӯравӣ дар Раштонзамин А. И. Шестапалов баргузор гардид. Барои Раҳматулло аввалин имтиҳони ҷиддӣ буд. Дар вазни ҳаштод кило бояд қувва меозмуд. Ба майдон баромаду нигоҳаш ба нигоҳи Давлатёр-паҳлавон бархӯрд аз нобоварӣ нишоне боқӣ намонд.  Бо панҷ нафар паҳлавонони ҷумҳурӣ зӯрозмоӣ кард ва бахт ба рӯяш хандид, ба унвони чемпиони респуб­лика (ҷумҳурӣ) соҳиб шуд.

Садҳо нафар аз деҳаҳои дуру наздик ба дидорбинӣ ва табрики вай ба зодгоҳаш рафтанд. Ман ҳам дар канор намондам. Бори аввал аз наздик бо ӯ суҳбат мекардам. Ӯ дар бораи комёбиҳояш сухан гуфтан намехост. Кирои таъриф намекунад. Мардум воҳима мекунанд, — мегуфт паҳлавон.

Бародари калонии Раҳматулло назди мо ҳуҷҷату медалҳоро мегузорад. Раҳматулло норозиёна гӯшаи чашм сӯи бародар менигарад. Он ҷо шарҳи рӯзгори Раҳматулло иншо шудааст. «Раҳматулло Ғиёсов, маълумоташ миёнаи махсус, Устоди спорти ИҷШС, чемпиони даҳкаратаи республика (ҷумҳурӣ) оид ба гӯштини дзюдо ва самбо. Чемпиони мутлақи Осиёи Миёна ва Қазоқистон».

Соли 1983 қаҳрамони матлаб дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Спартакиадаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон, ки дар шаҳри Алмаато баргузор гардид, баромад кард. Дар вазни ҳаштоду шаш килограмм чор ҳарифи пурзӯрро мағлуб намуд ва ба гирифтани унвони чемпиони мутлақ сазовор гардид. Дар ҳамон мусобиқа меъёри Устоди спорти ИҷШС-ро ба ҷо овард.

Ӯ нисбат ба худ сахтгир аст. Пайваста меомӯзад. Гӯё ҳанӯз бисёр асрорҳои ниҳонии гӯштинро намедонад. Ҳамроҳи тренераш Устоди варзиши ИҷШС Ҳикматулло Холиқов машқ мекард ва боз дар танҳоӣ. Инак, як сол боз дар деҳаи дурдаст, дар деҳае, ки на машқгоҳ дораду на касе парвои паҳлавонии ӯ. Танҳо халқ бо ӯст. Номи паҳлавонро бо эҳтиром ба забон мегиранд.

Шуҳрати паҳлавонии Раҳматулло аз ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон берун ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя расид. Борҳо ба он тарафҳо даъват шуда, бо сари баланд чун паҳлавони номдори тоҷик баргаштааст.

Боре бевақтии шаб аз Душанбе ба хонаи онҳо меҳмон омад. Ҳамроҳи шахсони ношинос яке аз нахустустодони вай Муривватшо Бачабеков ҳам буд. Шод гардид, ки аз шаҳр ёру дӯстонаш ба суроғи вай омадаанд. Дере нагузашта бояд Раҳматулло бо онҳо ба Самарқанд мерафту ҳамроҳи дигар паҳлавонон қувваозмоӣ мекард. Раҳматулло бо назари суол чашм ба амаки Мирзо дӯхт…

Аз вилояти Қашқадарё Маҳмасаид ном паҳлавони номдори ӯзбек ба Самарқанд омада буд. Пайи ҳам чанд паҳлавони тоҷикис­тониро мағлуб намуд. Байни маърака бо ифтихор қадам мезаду таги чашм ба сафи камшумори паҳлавонони тоҷик менигарист. Бо маслиҳати дӯстонаш Раҳматулло ба майдон баромад. Баъд аз гузаштани лаҳзаҳои тӯлонӣ Раҳматулло музаффар гашт. Паҳлавонони тоҷик аз хурсандӣ рафиқи худро рӯи даст бардошта, гирди майдон чарх заданд. Садои хандаи онҳо ба атроф ғулғула меафканд. Лаҳзае пас паҳлавони дигар — Уралпаҳлавон вориди майдон гардид. Ин дафъаи сеюм буд, ки бо Раҳматулло қувва меозмуд. Навбати аввал Раҳматулло ғолиб омаду дафъаи дуюм бозӣ мусовӣ анҷом пазируфт. Раҳматулло ҳар бор усулҳои гуногуни гӯштингириро ба кор мебурду ҳарифи пурзӯрашро хаста мегардонд. Оқибат аз гӯштин даст кашид ва чун мағлуб аз майдон баромад. Ба гӯштини онҳо овозхони шинохта Бобомурод Ҳамдамов ҳакамӣ кард.

… Раҳматулло ҳанӯз сари теппаи баланд менишасту бачаҳои шӯхи деҳа савори аспи чӯбин гарди кӯчаро ба ҳаво хезонда, «асп» медавонданд.

Дар ин лаҳзаҳо директори совхоз дар ҳуҷраи корӣ сукут варзида, андеша мекунад. Танҳо андешаи онро дорад, ки нақшаи картошкаву гӯшт ва шир кай иҷро мешавад?