Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод тайи чанд рӯз бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрӣ баргузор намуд.
Ҳадаф аз он, таъмини волоияти қонун ва ҷараёни ободонию созандагӣ буд.
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, аз ҷумла зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон обод ва сатҳи зиндагии аҳолии он беҳтар мегардад. Танҳо дар се соли охир дар вилоят 60 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бунёд ва 25 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ гардидааст. Махсусан, шаҳри Хоруғ ба таври шинохтанашаванда обод шудааст.
- Дар доираи омодагӣ ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши бевоситаи Пешвои миллат дар ҳама шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бо ҷалби хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ходимони дин корҳои созандагӣ, аз ҷумла бунёду таъмири марказҳои саломатӣ, ҳуҷра барои хатнаи кӯдакон, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, муассисаҳои томактабӣ, китобхона, боғҳои фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, роҳҳои маҳаллии байни маҳаллаҳои аҳолинишин, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва дигар иншоот ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии аъзои Ҳукумат, роҳбарони корхонаю идораҳои ҷумҳуриявӣ таъсис дода, ба шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла ВМКБ вобаста шудаанд. Дар ҷараёни сафар аз ноҳияи Дарвоз то маркази вилоят эътимод пайдо кардам, ки ободонию созандагӣ дар доираи ҳидоятҳои Роҳбари давлат шурӯъ шудааст ва бовар дорам сокинони вилоят дар ин кор фаъолона иштирок мекунанд, — афзуд Раҳмон Юсуф Аҳмадзод.
Прокурори генералии ҷумҳурӣ, ҳамчунин зикр намуд, ки анҷоми ҳар кори хайр, рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар ин замина фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои аҳолии мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат мебошад, ба таъмини волоияти қонун дар кишвар алоқаманд аст. Аз он изҳори қаноатмандӣ гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон сатҳи ҷинояткорӣ дар вилоят дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз коҳиш ёфтааст, вале изҳори нигаронӣ шуд, ки теъдоди ҷиноятҳои вазнин назар ба ҳамин давраи порсола зиёд шудааст. Афзоиши ин ҷиноятҳо асосан ба қочоқи маводи мухаддир ва мавҷудияти силоҳ дар дасти гурӯҳҳои ҷинояткор вобаста мебошад. Дар якуним соли охир мақомоти қудратӣ беш аз 800 килограмм маводи мухаддир ва қариб 400 мил силоҳи ғайриқонунии дар дасти мардум мавҷударо мусодира намуданд.
- Тоҷикистон бо Афғонистон, ки истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи асосии маводи мухаддир дар ҷаҳон аст, бо Тоҷикистон 1344 километр сарҳад дорад, ки беш аз 900 километри он ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд. Албатта, бо чунин паҳноии сарҳад ҷилавгирӣ намудани воридоти ин маводи марговар ба кишвар кори осон нест. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар пешгирии ин ҷиноят мардум дар канори мақомоти қудратӣ қарор дошта бошад, — изҳор дошт Раҳмон Юсуф Аҳмадзод.
Таъкид гардид, ки бо саркӯб шудани ДИИШ дар Сурия ва Ироқ қисми зиёди террористони он ба хоки Афғонистон гузаштааст, ки ҳадафи онҳо ноором сохтани кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад. Барои пешгирӣ аз ин мақсади нопок ҳар сокини кишвар, бахусус аҳолии дар минтақаҳои сарҳадӣ сукунатдошта, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, бо марзбонон ҳамкорӣ намояд ва дар ҳифзи сарҳади давлатӣ саҳмгузор бошад.
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, инчунин таваҷҷуҳи мақомоти дахлдорро ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз муассисаҳои таълимии ғайрирасмӣ, сафи гурӯҳҳои ифротгаро баргардондани наврасону ҷавонони кишвар, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, паҳншавии маводи мухаддир, бемориҳои сироятӣ ҷалб намуд.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод инчунин бо роҳбарони мақомоти ҳифзи қонуну тартибот, ниҳодҳои қудратӣ мулоқот ва дар мушовараи прокуратураи вилоят иштирок намуд.
Ш. Шоҳқосим, «Садои мардум»