- Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон раҳнамои зиндагии боз ҳам беҳтар ва пешрафти кишвар номид, — мегӯяд муовини директори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Мираҳмад Саидаҳмадов. — Барои мо — омӯзгорон ва шогирдонамон боиси хурсандист, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд. Такомули ин ду соҳаи муҳим ба боло бурдани иқтисоди миллӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳамчунин тайёр кардани кадрҳои болаёқат заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Ин тадбир яке аз роҳҳои таъсис додани ҷойҳои корӣ, ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор аст.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан», ки бо ташаббус ва дастгирии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 таъсис ёфтааст, зиёда аз 300 ҳунарманди соҳибтахассусро тайёр намудааст. Айни ҳол дар он 341 донишҷӯ, аз ҷумла 178 нафар духтар, касбу ҳунарҳои мардумӣ — зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва тарроҳиро омӯхта истодаанд. Писарон бошанд, коркарди чӯб, армуғонсозӣ ва кандакориро аз худ менамоянд. Дар коллеҷ, ҳамчунин омӯзиши кордсозӣ, заргарӣ, мисгарӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, умуман 12 ҳунари мардумӣ ба роҳ монда шудааст ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 ба омӯзишу азхудкунӣ ва пешрафти ҳунарҳои халқӣ такони бузург хоҳад бахшид.
Ғамхории дигари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вазифадор намудани бонкҳо дар бобати ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба ҳунармандон ва аз 1 январи соли 2018 аз пардохти андоз озод шудани онҳо мебошад. Ин ғамхориҳо мо — устодонро, ки ба ҷавонон ҳунар меомӯзем, муваззаф месозад, ки нисбат ба вазифаи худ бомасъулият бошем.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»