Мулоҳиза

Рафъи мушкилиҳо сохтмони эстакадаҳост

№47 (4787) 15.04.2024

maxresdefaultВақтҳои охир дар баъзе аз қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои шаҳри Душанбе танбашавии нақлиёт ба назар мерасад, хоса дар соатҳои 08-и субҳ ва 17-и шом – вақти ба кор рафтани сокинон ва ҳангоми аз кор ба хона баргаштан.

Дар ин маврид суоли матраҳ ин аст, ки чаро дар баъзе аз қитъаҳои роҳҳо ин ҳолат аз ҳадди эътидол мегузарад. Ин суол ғайриихтиёр дар фикри ҳар шахс пайдо мешавад ва хоҳу нохоҳ чунин посух пеш меоранд: теъдоди эстакадаҳо дар пойтахт кам аст, ҳаракат дар чорроҳаҳо дар ду ё якчанд қабат сурат намегирад, аслан ҳамаи нақлиёт дар чорроҳаҳо ист мекунад, баъзе қисматҳои роҳ васеъ карда нашудааст, бар замми ин, теъдоди нақлиёт дар ҷумҳурӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст ва аз ин рӯ, танбашавӣ ба вуҷуд меояд. Албатта, ин ҳама посухҳои анъанавӣ диди як шахси одӣ аст, ки ҳақиқати ҳолро то ҷое таҷассум мекунад, вале мехостем роҷеъ ба ин ҳолат, яъне танбашавӣ, сирф аз нуқтаи назари мутахассисон таваҷҷуҳ намоем.

Агар ин мушкилоти нақлиётӣ бошад, мушкилоти дигар риоя накардани одоби ронандагист. Ронандагони мо дар ҷойҳои серодам ва нуқтаҳои аҳолинишин бо суръати баланд мошин меронанд, ҳатто сари чанбарак беҳуда ба ҳар самт дида дӯхта, баъзан аз дохили нақлиёт ягон ашё ё пасмондаи тамокуро ба берун ҳаво медиҳанд, ки амали хеле нигаронкунанда аст. Мушоҳидаи дигар: тоифае аз «ҷипсаворон» дар баъзе қитъаҳои роҳ, шояд аз рӯи як навъ ғуруру нописандӣ бошад, ки пиёдагард он тараф истад, ҳатто ба худравҳо роҳ намедиҳанд. Тоифаи дигар бо сигналдиҳии дурударози беасос вазъи рӯҳии дигар ронандагонро табоҳ месозанд.

Аз як нигоҳ мушкили дигар дар танбашавии роҳ, ин баъзе маҳалҳои пойтахтро бидуни иҷозаи расмӣ, худсарона «забт» карда гирифтани нақлиёти минтақавӣ мебошад. Масалан, мошинҳои кирокаши самти ҳаракати Душанбе-Ваҳдат ҳудуди нуқтаи маркази хизмати маишии «Садбарг»-ро ғайриқонунӣ ба таваққуфгоҳи нақлиёт табдил додаанд. Шояд ба хотири нуқтаи серодам ва дастрас будани маҳали мазкур ронандагони кирокаши шаҳри Ваҳдат аз субҳ то шабонгоҳ дар ҳар ду самти шоҳроҳ мусофиронро бо садои баланд даъват карда, аз ҳар ҷое хоҳанд мусофир мегиранд, дар ҳар ҷое хоҳанд меистанд, ки ин ба танбашавӣ сабаб мегарданд. Гарчанде барои роҳ надодан ба танбашавӣ дар ин минтақа аз ҷониби масъулин назорати доимӣ бурда мешавад, аммо ҳамоно нақлиёт дар ин марказ бидуни низому тартиб боқӣ мондааст. Чунин ҳолат ба ҳаракати озоди нақлиёту сокинон монеа эҷод мекунад. Албатта, бо саъю кӯшиши пайвастаи масъулини шаҳрдорӣ ин норасоӣ зуд — зуд ислоҳ шавад ҳам, вале чунин ҳолат солҳост дар чанд минтақаи шаҳр боқӣ мондааст. Қитъаи дигаре, ки танбашавӣ ба мушоҳида мерасад, роҳи назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ то истгоҳи бинои собиқи Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» аст. Ин ҷо яке аз сабабҳои асосии танбашавӣ чароғаки чорроҳаи назди бинои телевизион аст, зеро чароғак барои исти мошинҳои аз самти меҳмонхонаи «Вахш» (аз самти танбашавӣ) ҳаракаткунанда ҳамагӣ то як дақиқа ва самти ҳаракати шоҳроҳи дар паҳлуи он воқеъбуда, баръакс, зиёдтар аз як дақиқа муайян шудааст.

Омили дигари танбашавии роҳҳо баҳудаю беҳуда дар канори роҳҳо гузоштани нақлиёти шахсист. Баъзан мебинем, ки мошинҳо ношус­таанд, ифлосию чиркиниро худи ронандаҳо дида ба худравҳояшон таваҷҷуҳе зоҳир намекунанд ва ё мошинҳои гаронвазн аз маркази шаҳр бемалол ҳаракат карда, қисме аз шағалу ашёро рӯи роҳ мерезонанд ва магар ин ҳама бозгӯкунандаи баъзе аз камбудию норасоиҳо дар амалу кирдорҳои ношоистаи худи ронандаҳо нест?

Ҳамзамон, набудани гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар баъзе аз қитъаи роҳҳо ба танбашавӣ оварда мерасонад, ки ин ҳолат, махсусан, дар бозори «Корвон» ба назар мерасад. Бале, агар соли 2014-ум ҳамагӣ 38939 адад мошинҳои ҳама намуди нақлиёт мавҷуд бошад, имрӯз ин рақам беш аз 601136 ададро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 51781 мошини боркаш, 524045 автомобили сабукрав, инчунин, 4419 присепдор… ва ғайра ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақамҳо ҳар сол дар ҳоли афзоиш аст.

Тибқи нақшаи генералӣ ҷиҳати бартарафсозии ин мушкилот, фароҳам овардани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар оянда бунёди эстакадаҳо дар назар аст. Масъулини Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе чанд сол қабл иттилоъ дода буданд, ки «то солҳои наздик ба истифода додани наздик ба даҳ эстакада ва дар маҷмӯъ, дар доираи нақшаи генералии пойтахт бунёди бист чорроҳаи сесатҳа дар назар аст». Айни замон дар пойтахт ду эстакадаи сеқабата — яке дар маҳаллаи Қарияи боло ва дигаре дар маҳаллаи 82-юм мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

Тибқи нақшаҳои тарҳрезишуда ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе бояд се эстакада — дар чорроҳаи «Иттифоқҳои касаба», баъдан, аз гардиши асосии Корхонаи нассоҷӣ ба ҷониби минтақаи «Комбинати гӯшт» ва эстакадаи бисёрқабатаи сеюм, дар мавзеи майдони Ғалаба, яъне қитъае, ки ба хотири ҷанговарони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ «Танки таърихӣ» гузошта шудааст, сохта шавад.

Шояд дар наздиктарин муҳлат кулли ин мушкилиҳо ислоҳ шаванд, нақшаҳо комилан амалӣ гарданд, вале гап сари он аст, ки чаро ҳамоно ронандагони мо ба фарҳанги шаҳрдорӣ ва маданияту маърифати шаҳрнишинӣ дуруст аҳамият намедиҳанд.

Биёед, фаромӯш насозем, ки кӯчактарин амали ноҷо, саҳву хатою саҳлангориамон дар роҳҳо ба танбашавӣ оварда мерасонад ва ислоҳи кулли ин мушкилиҳо, қабл аз ҳама, ба сатҳи фарҳангу маърифати ронандаҳо низ вобастагӣ дорад.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»