Марди соҳибҳунару бохираду фарзона,
Биравад аз назару лек зи дилҳо наравад.
Бо чунин мисраъҳо ҳусни оғоз бахшидани маводи мазкур бесабаб нест, зеро сухан бобати инсоне меравад, ки маргаш ба ҳеҷ ваҷҳ маънои анҷоми зиндагиашро надорад. Кору номи неки чунин нафарон намегузорад, ки номи некашон аз дафтари хотирот зудуда шавад. Манзури ман сиёсатшиноси муътабар, олими сермаҳсул ва инсони худогоҳу комил Суҳроб Шарипов аст. Банда бо тақозои вазифа дар аксари ҷаласаҳои иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои кумитаҳо ва муҳокимаҳои парламентӣ ширкат меварзам. Давоми ин солҳо фаъолияти ҳар як вакил бароям аз чандин зовия ҳувайдо шудаву хулосаҳо низ бобати онҳо яксон нест. Дар ин росто, хислатҳои неки равоншод Суҳроб Шарипов, ки ватандӯстӣ, ҳақгӯйӣ ва ростқавлӣ аз ҳамон ҷумлаанд, на танҳо бо сухан, балки бо амалҳояш собит буд. Мушоҳида менамудам, ки дар тамоми ҳолатҳо новобаста аз вазъият, нуқтаи назарашро ҷасурона иброз мекарду ба андешаҳои муғризонаи нотавонбинони миллати тоҷик, ки дар воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақил тавассути журналистони «баргузидаашон» инъикос мегардиданд, посухҳои муносиб медод.
Ба наздикӣ рӯи мизи кории мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Охунов чашмам ба пешниҳоди вакилӣ, ки ба Суҳроб Шарипов тааллуқ дошт, афтод. Зимни таваҷҷуҳ итилоъ гирифтам, ки ин охирин пешниҳоди шодравон Суҳроб Шарипов ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» рабт дошт. Агар гӯям, ки ироаи пешниҳод вобаста ба кулли масъалаҳои дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирифта аз ҷониби мавсуф раванди муттасил буд, муболиға намешавад. Биноан, нуқтаи назари ӯ дар воситаҳои ахбори омма ба сифати назари созанда ва аз ватандӯстиву далелҳои муътамад маншаъ гирифта, инъикос ва аз ҷониби ҷомеа хуб пазируфта мешуд. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз журналистон канораҷӯйӣ намекард, баръакс, вобаста ба дилхоҳ масъала назари хешро, ки ҷузъе аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, дар заминаи далелу арқоми муътамад баён менамуд. Вақте ба тарҷумаи ҳолаш мутаваҷҷеҳ шавем, маълум мегардад, ки инсони ба маънои томаш дар кураи зиндагӣ обутобёфта аст. Суҳроб Шарипов соли 1963 таваллуд шуда, мактаби миёнаи №77-и шаҳри Душанберо хатм кардааст. Хатмкардаи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов буд. Чун аксари шахсиятҳои шинохта фаъолияти меҳнатии номбурда соли 1988 дар собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳамчун устод шурӯъ гардидаву соли 1990 ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дохил шуда, соли 1994 рисолаи илмиро дар мавзӯи «Ҳад ва имкониятҳои озодӣ» дар риштаи сиёсатшиносӣ бомуваффақият ҳимоя кардааст.
Марҳилаи рушду такомули шахсияти Суҳроб Шарипов ҳамчун сиёсатшинос соли 1998 — аз замони оғози фаъолият дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид. Давоми солҳои фаъолият дар ин Маркази бонуфуз ва ироакунандаи мавқеи Ҳукумати ҷумҳурӣ мавсуф худро ба сифати таҳлилгари дақиқназар ва ҳақиқатгӯ таври шоиста дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ намуд. Сабк, тарзи ифодаи фикр, хулосаронию натиҷагирӣ ва бардошти номбурда аз рӯйдодҳои ҷомеа аз андешаи дигарон куллан фарқ мекарданд. Матлабҳои зиёди таҳлилии мавсуф, ки ифодакунандаи манфиатҳои миллии кишварамон ҳастанд, дар маҷалла ва рӯзномаҳои бонуфузи дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ таври мунтазам ба нашр мерасиданд. Минбаъд фаъолияти ӯ ба ҳайси муовини мудири шуъбаи иттилоотӣ- таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Коршиносон ба он назаранд, ки маҳз замони роҳбарии номбурда Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди бонуфузи таҳлили масоили мубрами вобаста ба ҳаёти сиёсӣ — иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, робитаҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ ва ояндабинии равандҳои рушди ҷомеаи гуногун табдил ёфт. Ёдовар мешавем, ки мавсуф дар синни 37- солагиаш рисолаи илмиро ҳимоя карда, унвони доктори илмҳои сиёсатшиносиро гирифт. Шогирдони зиёд дошт, дувоздаҳ нафар таҳти роҳбарии вай рисолаҳои номзадии илм ва докториро ҳимоя кардаанд. Муаллифи ду монография ва бештар аз 500 мақолаи илмӣ-таҳлилӣ ва иштирокчии конфронсҳои зиёди илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буд. Ин омил бори дигар собит месозад, ки:
Дар ин кохи дилкаш намонад касе, Равад оқибат, гарчи монад басе. Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»