Дар ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди зиёда аз 500 иншооти гуногун дар нақша буда, 281 адади он ба истифода дода шуд.
Дар назар аст, ки соли равон ба муносибати 23 — солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ 28 иншоот бо ширкати меҳмонони олиқадр ба истифода дода шавад. Байни онҳо рамзи ноҳия-пахтаи шукуфта, майдон ва Парчами миллӣ, Қасри фарҳанг ва варзишгоҳ аз муҳимтаринҳо маҳсуб мешаванд.
- Айни ҳол дар иншооти зикршуда сохтмон вусъати тоза гирифтааст. Рамзи нав дар даромадгоҳи маркази ноҳия — шаҳраки Бӯстон бунёд хоҳад шуд, — гуфт зимни суҳбат муовини раиси ноҳия Шавкат Солеҳиён.
Дар асоси лоиҳа, сутунпояи рамз 10 метр, андозаи пахтаи шукуфон 5 метр, баландии умумии иншоот 17,4 метр мебошад. Дар болои сутунпоя ва поёни пахта, кураи замин ва дар рӯи он навиштаҷоти «Ноҳияи Мастчоҳ» дарҷ шудааст.
- Сабаби рамз интихоб шудани пахтаро раиси ноҳия Тоҳирҷон Азиззода чунин шарҳ дод:
- Ҳудуди ноҳия, ки дар гузаштаи на чандон дур бо номи «Дашти Янтоқ» зикр мешуду минбаъд Дилварзини тоҷикон ном гирифт, бо обилаи дасти деҳқонон сарсабзу хуррам шудааст. Пахтакорӣ зироати асосии кишоварзии ноҳия маҳсуб мешавад. Замони шӯравӣ, аниқтараш, соли 1980 ноҳия 62 ҳазор тонна «тиллои сафед» ба хирмани Ватан рехтааст. Ҳаҷми истеҳсоли пахта ҳар сол боло меравад. Соли гузашта 23 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2018-ум 7 ҳазор тонна зиёд мебошад. Имсол ният дорем ба хирмани «тиллои сафед»-и кишвар 24 ҳазор тонна ашёи хоми пурқимати саноатӣ резем.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»