РАШТ. ҶАШНИ МИЛЛИРО БО ДАСТОВЕЗҲОИ МУНОСИБ ИСТИҚБОЛ ХОҲАНД ГИРИФТ

№ 04.09.2024

Сокинони деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ба бунёди хатти оби нӯшокӣ, ки 35 километрро дар бар мегирад, оғоз намуданд.  

Дар бунёди хатти оби нӯшокӣ ба тариқи ҳашар тамоми мардум саҳмгузорӣ мекунанд. Натиҷаи кӯшишу талоши онҳо буд, ки то имрӯз дар масофаи 22 километр корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид. Ҳамчунин, барои корҳои ҳамворкунӣ ва кандани хатти оби нӯшокӣ техникаҳои нави замонавӣ мусоидат менамояд.  Соҳибкорон барои сари вақт ба истифода додани  иншоот саҳмгузоранд. Чанд сол қабл, маҳз бо маблағгузории онҳо аз шоҳроҳ то маркази деҳа роҳи мошингард мумфарш карда шуд.

  Дар дигар мавзеъҳои ноҳияи Рашт низ корҳои созандагию ободкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ идома дорад.

Бахшида ба Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия бунёд ва ба истифода додани 307 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»