Бахши фарҳанги ноҳияи Рашт вобаста ба дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва дар замири ҷавонон парваридани ҳисси ватандӯстию ватанпарварӣ то имрӯз корҳои зиёде ба анҷом расонидааст.
Тавре Зумрад Лоиқова, мудири бахши фарҳанги ноҳия, иброз дошт, ҳоло дар Рашт 68 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла қасри фарҳанг, театри халқӣ, осорхона, муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъат, 44 китобхона, 3 клуб, 13 хонаи фарҳанг ва 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, фаъолият доранд.
Тибқи ҷадвали корбаст дар бахши фарҳанги ноҳия 4 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 35 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 14 нафар бо маълумоти миёнаи соҳавӣ, 18 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси касбӣ ва 35 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд. Аз ин шумора 35 нафар кормандони техникӣ мебошанд, боқимонда кормандони китобхонаҳо, қаср ва клубу хонаҳои фарҳанг.
Айни замон дар ноҳия 44 китобхона фаъолият дорад, ки дар онҳо 145920 нусха китоб нигоҳдорӣ мешавад, аммо аз рақамҳое, ки Зумрад Лоиқова ба мо пешниҳод намуд, маълум гардид, ки аз ин шумора танҳо 63788 нусха адабиёт бо забони тоҷикӣ, боқимонда ба забони русӣ ва дигар забонҳо мебошанд. Шумораи хонандагон дар китобхонаи марказӣ ва китобхонаҳои деҳот, дар маҷмӯъ, 3786 нафар ва гардиши китоб 5525 нусхаро ташкил медиҳад.
Аз ҷумлаи мудирони китобхонаҳои дар шаҳраку деҳот фаъолиятдошта 17 нафар бо маълумоти олии ғайрисоҳавӣ, 7 нафар бо маълумоти миёнаи соҳавӣ, 6 нафар бо маълумоти миёнаи ғайрисоҳавӣ ва 27 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки ин ба талаботи имрӯзаи соҳаи китобдорӣ ҷавобгӯ нест.
- Бо вуҷуди ин, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мо 380 чорабинӣ, аз ҷумла Рӯзи Модар, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», суҳбату конференсияҳои илмию адабӣ, баргузор намудем.Чунин чорабиниҳо дар китобхонаҳои ноҳия низ доир гаштанд. Дар чорабиниҳои мазкур беш 10700 нафар иштирок намуданд, — гуфт Зумрад Лоиқова.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нақшаи чорабинӣ тасдиқ ва ҳайати комиссияву ҳакамони озмун муайян шуд. Даври аввали озмун дар ҳамаи ҷамоат, шаҳраку деҳот баргузор гардид, ки дар онҳо 395 довталаб ширкат намуда, 41 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Масъулини ноҳия барои бартараф намудани мушкилоти соҳа, хоса бо мутахассисони соҳибкасб таъмин намудани китобхонаҳои ноҳия, чора меандешанд. Ҳоло дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллӣ, коллеҷу мактабҳои соҳаи фарҳанг 10 дастпарвари ноҳия таҳсил доранд, ки баъди хатм ба ноҳия баргашта, дар соҳаи фарҳанг фаъолият хоҳанд кард.
Бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани барномаҳои консертӣ ва сабти овоз бо кумаку дастгирии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 номгӯи асбоби тақвияти овоз ва баландгӯякҳо харидорӣ шуд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми аҳолӣ сохтмони бинои нави китобхона дар деҳаи Ялдамич дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби мусиқӣ, ду бинои китобхона барои хурдсолон ва калонсолон тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ соли равон оғоз мегардад.
- Дар фаъолияти бахши фарҳанг як қатор камбудиҳои дигар, аз ҷумла ба таъмири асосӣ ниёз доштани қасри фарҳанги ноҳия, норасоии мизу курсӣ дар китобхонаҳои шаҳраку деҳот, ҷой доранд. Китобхонаҳои деҳаҳои Шулмак, Шул, Варзигон, шаҳраки Навобод, Ҳалқарф (6 китобхона) дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Зумрад Лоиқова.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»