Рашт. Ба шуғл фаро гирифтани сокинон назаррас аст

№67 (4329) 20.05.2021

Дар ноҳияи Рашт ба масъалаи соҳибкасб намудани шаҳрвандони бешуғл, аз ҷумла занон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Бо ин мақсад, дар шаҳраки Ғарм филиали Муассисаи давлатии «Маркази калонсолони Тоҷикистон»  таъсис ёфтааст. Аз рӯзи таъсисёбии он то ба ҳол садҳо нафар аз аҳолии калонсол соҳиби касб шуданд.

Тавре директори он Наҷибулло Ғиёсов зимни суҳбат иттилоъ дод, марказ аз рӯи 14 ихтисос касбомӯзонро фаро гирифтааст. Тайи як соли охир ба касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбии шаҳрвандон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳисоби курсҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ 7 гурӯҳ бо теъдоди 105 нафар, аз ҳисоби курсҳои худмаблағгузор 7 гурӯҳ бо теъдоди 81 нафар ва аз ҳисоби шаҳодатномакунии малакаи касбӣ 148 нафар, дар маҷмӯъ, 334 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, ки аз ин шумора 116 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозии кормандони сохторҳои тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рашт мебошад, ки соли 2019 дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ бинои наву замонавӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикис­тон» дар ноҳияи Рашт ҷойгир аст ва он дорои 8 синфхонаи тахассусӣ буда, бо таҷҳизоти зарурии таълимию омӯзишӣ таъмин мебошад.

- Роҳбарияти филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт туфайли ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзанд, ки дар ҷодаи соҳибкасб намудани шаҳрвандони бешуғл, аз ҷумла занон, ҳама имкониятро равона созад, — гуфт Н. Ғиёсов.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»