Ноҳияи Рашт дорои мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ буда, бо табиати зебояш метавонад дили сайёҳони дохиливу хориҷиро тасхир созад. Сокинони ноҳия баҳри ободу зебо гардонидани мавзеъҳои тамошобоб ва фароҳам овардани шароити мусоиди сайру саёҳат барои сайёҳон саъю талош доранд. Бо назардошти шароиту имкониятҳои мавҷуда, аз ҷониби бахши рушди сайёҳии ноҳия барои рушди ин соҳаи афзалиятнок як қатор корҳо иҷро карда шуданд.
Чанде пеш соли ҷорӣ бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт машварат дар мавзӯи «Ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла намояндагони меҳмонхонаҳо ва ошхонаю тарабхонаҳо фаъолона ширкат карданд.
Ҷиҳати муҳайё намудани шароити фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия се меҳмонхона ва як хостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор доранд.
Дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода, «Ҳоит», «Ҷафр» ва «Аскалон», ки мавзеъҳои асосии сайёҳии ноҳия ба шумор мераванд, 15 ҳомстей (меҳмонхона дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон) ба қайд гирифта шуда, барои қабули сайёҳон пурра омода мебошанд.
Дар мавзеи Нуҳбоғи дараи Камароб аз ҷониби соҳибкор Маҳмадроиб Шоев меҳмонхонаи хурд, ҳаммом ва ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст. Дар ин мавзеъ бунёди ҳавзи моҳипарварӣ ва катҳои истироҳатӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд.
То ҳол дар ноҳия ҳашт хатсайри сайёҳӣ таҳия гардидааст. Хатсайрҳои таҳиягардидаи экологӣ, фарҳангию таърихӣ, агро-экосайёҳӣ, куҳнавардӣ ва истироҳатӣ буда, амалӣ намудани онҳо аз моҳи апрел то моҳи октябр имконпазир мебошад.
Бино ба иттилои расида, танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон, мувофиқи ҳисоботи оморӣ ба ноҳия 1241 сайёҳ, аз ҷумла 1159 сайёҳи дохилӣ ва 82 сайёҳи хориҷӣ ворид гардидааст. Масъулон кӯшиш доранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби боз ҳам бештари сайёҳон ба ноҳия заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»