Пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар ин самт се барномаи давлатӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» қабул гардидааст.
Тавре директори Муассисаи давлатии маркази бемориҳои сили ноҳияи Рашт Қудратулло Қодиров иттилоъ дод, муассиса дорои шуъба ва озмоишгоҳ буда, ба се ноҳияи минтақаи Рашт хизмат мерасонад. Дар он 3 табиб ва 9 корманди миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорон маркази бемориҳои сили ноҳия таъмир карда шуда, бо таҷҳизоти лозима таъмин гардид.
Соли ҷорӣ 35 бемор ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод 34 нафар бори аввал гирифтор гаштаанд.
Ба гуфти ӯ, дар деҳоти «Ҳоит», «Ясман», «Ҷафр», «Қалъаи Сурх», «Навдӣ» ва ба номи Нусратулло Махсум бо аҳолӣ вохӯрӣ оид ба табобат ва пешгирии бемории сил гузаронида шуд. Инчунин, бо қарори раиси ноҳия беморон то ба охир расонида ни муҳлати табобат аз пардохти маблағи андози замин, қувваи барқ ва об озод мебошанд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»