Ноҳияи Рашт, бахусус маркази он шаҳраки Ғарм, дар як муддати кӯтоҳ бо қомат афрохтани биноҳои нави хуштарҳи замонавӣ симои худро дигаргун намудааст. Солҳои 2015 — 2016 дар ноҳия сохта ба истифода додани 51 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Ҳоло сохтмони 7 иншоот ба охир расидааст ва дар 19 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Ба гуфти Ҷураҷон Зулфиқаҳҳоров — мудири бахши рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои асосии мутамарказ, ки 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳанд, маблағгузорӣ намудани идомаи сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и деҳаи Навдӣ ба маблағи 1 миллиону навад ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Қазноқ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, идомаи сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Қалъанак» ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои ёрирасони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Ҷафр» ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, толори маҷлисгоҳ барои 200 ҷой дар шаҳраки Навобод ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ва корҳои лоиҳакашӣ ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Саҳми соҳибкорон низ дар ободонию созандагии ноҳия зиёд аст. Аз тарафи соҳибкорон солҳои 2014 — 2015 дар шаҳраку деҳоти ноҳия ба маблағи зиёда аз 6 миллиону 700 ҳазор сомонӣ марказҳои савдо, меҳмонхона, нуқтаҳои таъмири автомашина ва фурӯши сӯзишворӣ сохта шуд. Айни замон сохтмони 8 иншооти дигар бо дастгирии соҳибкорон идома дорад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Исфандиёр» дар давоми 2 сол беш аз 50 километр роҳҳои деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода, «Оби меҳнат» ва мавзеи Самсолиқро ба маблағи 1 миллиону 34 ҳазор сомонӣ таъмир намуд. Ҷамъияти мазкур барои барқарорсозии канали мавзеи Поҷеи дараи Камароб 50 ҳазор сомонӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба деҳаи Поҷе 50 ҳазор сомонӣ ва сохтмони дарвозаи даромадгоҳи ноҳия дар деҳоти «Қалъаи Сурх» зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ, сохтмони ду синфхона ва биноҳои ёрирасон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 — и ноҳия 65 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кард. Ҳамрадиф бо ин, соҳибкор Мирзошоҳи Акобир як осорхона сохта, мавриди истифода қарор дод.
Дар ноҳия аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 иншоот, ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ 2 иншоот, буҷети маҳаллӣ 6 иншоот ва ташкилотҳои хориҷӣ 12 иншоот идома дорад.
Мирзосафар РИЗВОНОВ