Рашт. Бунёдкорӣ идома дорад

№ 17.02.2025

 Имрӯзҳо дар саросари мамлакат омодагӣ барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ пешвоз гирифтани Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ идома дорад.

Соҳибкорону сокинони ноҳияи Рашт бо ҳидояти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бунёди 307 иншооти мухталифро ба нақша гирифтаанд. То имрӯз 258 иншооти таъиноти гуногун сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

   Ҳамчунин, дар доираи «Солҳои рушди саноат», бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд тибқи нақша бунёди 21 коргоҳи истеҳсолию саноатӣ дар назар аст. Оғози соли 2025 шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ба 32 адад расонида шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023-юм 2 корхона афзудааст.

  Дар ноҳия ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода мешавад. Давоми солҳои 2023-2024 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон дар ноҳия 32 бинои наву замонавии таълимӣ ва 30 синфхонаи иловагӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ сохта ба истифода дода шуд.

Д. МИРЗО,

«Садои мардум»