Ниҳолшинонӣ ва хуррамгардонии гӯшаю канори кишвар, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз гузаштагони хуррамниҳод ва ободкор мерос мондааст.
Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Рашт ҳашарҳои сабзкориву ниҳолшинонӣ, бахусус, бунёди ҷангал ва боғу токзор бомаром ҷараён доранд.
Чанде пеш кормандони ташкилоту муассиса ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ба хотири ободонии атрофи шаҳраки Ғарм ба ҳашари умумии ниҳолшинонӣ ва бунёди ҷангал дар доманаи кӯҳи Мунданул баромада, дар 12 гектар беш аз 10 ҳазор бех ниҳоли зардолу, чормағз, хуч, акатсия ва қарағоч шинониданд. Дар ҳашари умумӣ зиёда аз 1000 фаъолу зиёӣ иштирок карданд.
Тавре Абдулазиз Қаландаров — сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт иттилоъ дод, таъмини ниҳолҳо ба уҳдаи идораи онҳост. Дар назар аст, ки дар панҷ соли оянда дар доманакӯҳҳои шаҳраки Ғарм то мавзеи пуштаи маҳаллаи «Донишҷӯён» 200 гектар ҷангалзор бунёд гардад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»