Шиносоӣ ба фаъолияти бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маълум намуд, ки дар ноҳия барои амалӣ гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 таҳти №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Мудири бахш Нуъмоншо Исматов дар суҳбат бо мо изҳор намуд, ки дар асоси тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, усули муайянсозии оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат осон гардид. Дар назди бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 16 нафар танҳо дар самти иҷрои талаботи он фаъолият доранд.
Дар ноҳия 19 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ чор нафар шахси дар солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ хизматкарда, 26 нафар маъюб — ҷанговари башардӯст, 7 нафар маъюби садамаи Чернобил, 403 нафар маъюби то 18 — сола, 425 нафар кӯдаки ятиму бепарастор, 23 нафар ятими кулл, 55 нафар шахси яккаву танҳо ва 3150 оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст.
Зикр шуд, ки андозаи кумаки унвонии иҷтимоӣ барои як оила дар як сол 400 сомониро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 100 сомонӣ пардохт карда мешавад.
Нафақахӯрон ва маъюбон қишри осебпазири аҳолӣ ба ҳисоб мераванд. Маблағе, ки аз буҷети ноҳия барои ҳифзи иҷтимоӣ ҷудо мешавад, асосан барои кумакпулии яквақта ба шахсони дар садамаи Чернобил зарардида, иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорони меҳнат ва маъюбони модарзод сарф мегардад. Моҳи ноябри соли 2015 аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 70 тонна ангишт кумак расонида шуд. Дар ин росто, 20 нафар маъюб ба табобат фаро гирифта, 18 аробачаи маъюбӣ, 75 асои чӯбин, 30 асобағал ба шахсони ниёзманд дастрас гардид. Дар шаҳраки Ғарм Маркази рӯзонаи будубоши «Аниса» барои кӯдакони имконияти маълулдошта таъсис гардида, 15 нафар кӯдакро ба тарбия фаро гирифтааст. Ҳамчунин дар Мактаб — интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рашт 250 нафар кӯдаки ятиму бепарастор тарбия гирифта истодаанд.
Барои хизматрасонӣ ба кӯдакони маъюб дар манзили зисташон шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият менамояд. Кормандони ин шуъба 27 нафар кӯдаки маъюб ва ятимро зери назорат гирифта, ба онҳо дар хонаҳояшон хизмат мерасонанд.
- Роҳбарияти ноҳия ба қишри осебпазиру ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд ва барои татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чораҳои зарурӣ меандешад, — гуфт дар хатми суҳбат Нуъмоншо Исматов.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»