Дар ноҳияи Рашт маъракаи ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад.
- Баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия кишоварзон бо шавқу рағбат пайи коранд, — гуфт муовини раиси ноҳия Саидбек Идибекзода ва афзуд, ки то ҳол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 323 миллиону 721 ҳазору 700 сомониро ташкил намудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 миллиону 520 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар 8119 гектар замин кишт гузаронида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 455,78 гектар зиёд аст. Истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 4548 тонна расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256,2 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли зироатҳои техникӣ 62 тонна, сабзавот 149,2 тонна афзоиш ёфтааст. Истеҳсоли картошка ба 28755,5 тонна (106 фоиз), мева 893,3 тонна ё ба 101,8 фоиз, хошок 124651 тонна (104,2 фоиз) расонида шуд. Майдони боғҳо дар ноҳия 5150 гектарро ташкил намуда, дар 4775 гектари он боғҳои ҳосилдеҳ бунёд шудаанд.
- Дар соҳаи кишоварзӣ норасоии тухмии хушсифат, дар баъзе мавзеъҳо нарасидани оби полезӣ, набудани мошинолот ва гаронии нархи сӯзишворӣ, дастрасии қарзҳои бонкӣ бо фоизи паст аз қабили мушкилоти асосӣ ба шумор мераванд. Бовар дорем, ки ин мушкилот ҳал гашта, кишоварзони ноҳияи Рашт комёбиҳояшонро афзун мегардонанд, — гуфт Саидбек Идибекзода.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»