Мусоҳиба бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ
- Аз он рӯзҳое, ки Пешвои миллат ба ноҳияи Рашт ташриф оварда, бо сокинон вохӯрӣ намуда, дар ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ширкат варзиданд, муҳлати зиёд сипарӣ нагардидааст. Аммо эҳсос мешавад, ки дидорбиниҳо ба сокинон таассуроти хуб бахшидаанд, зеро хурду калон бо ифтихор ибрози назар менамоянд ва бо боварӣ ба ояндаи нек заҳмат мекашанд…
- Воқеан ҳам, қадами Пешвои миллат муборак аст, ҳар гоҳе ки ташриф биёранд, дигаргунии зиёд ба амал меояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди омӯхтани вазъ ва ошноӣ бо дастовардҳои аҳли заҳмат вазифа гузоштанд, ки иҷрои онҳо барои инкишофи минбаъдаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон такони ҷиддӣ мебахшад. Аз ин хотир, баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам равнақ бахшидани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ ва амалӣ шуда истодаанд.
Рашт ба қатори ноҳияҳое дохил мебошад, ки ниёзмандии худро аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашудаи буҷети ҷумҳуриявӣ бароварда месозад. Буҷети ноҳия аз ҳисоби даромадҳо 33 фоиз таъмин мешавад. Дар нуҳ моҳи соли равон аз ин ҳисоб нақшаи воридоти андозҳо 101 фоиз иҷро шуд ва ба буҷети маҳаллӣ 16 миллиону 221 сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда 90,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ноҳия аграрист ва вусъати соҳаи кишоварзӣ вазифаи аввалиндараҷаи масъулону кишоварзон мебошад. Обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, зиёд намудани майдони кишти картошка, боғҳо ва бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарият қарор дорад.
Соли равон дар 73 гектар боғи нав бунёд ва 213 гектар боғи куҳна барқарор гардиданд. Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар майдони 7041 гектар кишти зироат гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 12 гектар зиёд аст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 62 миллиону 902 ҳазору 500 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 7 ҳазору 900 сомонӣ бештар мебошад.
Мавсими имсола дар 1310 гектар кишти картошка ба нақша гирифта шуд, ки назар ба соли гузашта 110 гектар зиёд аст.
Алҳол истеҳсоли гӯшт ба 6297,8 тонна, шир ба 5720,7 тонна, тухм ба 3 миллиону 246 ҳазор дона, пашм ба 63,7 тонна, асал ба 526,3 тонна расонида шудааст, ки дар қиёс ба як соли қаблӣ бештар мебошад.
- Вазъи соҳаи маориф чӣ гуна аст?
- Дар ноҳия 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 28267 нафар хонанда, ки 13638 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд, фаъолият мекунад. Ба таълиму тарбияи насли наврас 1636 нафар омӯзгор, ки 380 нафарашро занон ташкил медиҳанд, машғуланд. Ҳамчунин, мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим бо фарогирии 180 нафар, интернати наздимактабӣ бо фарогирии 45 нафар, ду боғчаи бачагона бо фарогирии 160 нафар ва 46 маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1026 нафар фаъолият мекунанд.
Айни замон 220 нафар омӯзгори ғайриихтисос ба шогирдон дар муассисаҳои таълимӣ дарс мегӯянд. Барои ислоҳи ин камбудӣ 42 нафар омӯзгор бо роҳхати шуъбаи маориф ба шуъбаҳои ғоибонаи ДОТ дар ноҳияи Рашт сафарбар гардид. Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронист, он аст, ки аз 117 нафар хатмкардаи муассисаҳои олии кишвар дар риштаи омӯзгорӣ то ҳол 46 нафар ба ноҳия ҳозир шудаасту халос.
Ҷиҳати ҷалби хонандагон ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, инчунин, фанҳои дақиқ, дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтахассуси забони русӣ, ки аз Федератсияи Россия ба Донишкадаи омӯзгорӣ омадаанд, дарсҳо ва маҳфилҳои иловагӣ ташкил гардидааст.
- Дар робита ба тарбияи ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди ноҳия чӣ гуфтанӣ доред?
- Албатта, кӯшиш мекунем, ки ҷавонони соҳибистеъдод ва донишманд ба вазифаҳои гуногун пешбарӣ шаванд ва дар қатори кормандони соҳибтаҷриба содиқона ба халқу Ватан хизмат кунанд.
Дар ноҳия 113 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, ду варзишгоҳ, маҷмааи варзишӣ, 80 майдонча, 23 толори варзишӣ, панҷ ҳавзи шиноварӣ ва мактаби варзишӣ фаъолият доранд. Тибқи нақша, сохтмони панҷ майдончаи варзишии ҳозиразамон пешбинӣ гардид. Аз ин ҳисоб як майдончаи варзишӣ дар кӯчаи Сомониёни шаҳраки Ғарм бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар масоҳати 0,25 гектар ва як майдончаи варзишӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар деҳаи Навдии деҳоти «Навдӣ» дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шуд.
- Тавре аз ҳидоятҳои Пешвои миллат бармеояд, рушди саноат ва соҳибкорӣ дар кишвар имкон медиҳад, ки зиндагии шоистаи аҳолӣ таъмин гардад. Вобаста ба ин масъала кадом корҳо ба анҷом расиданд?
- Рушди саноат тақозои замон аст. Аз ин лиҳоз, ташкили корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, аз қабили корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ, пӯсту пашм ва меваю сабзавот, айни муддаост, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида истодаем.
Дар тӯли нуҳ моҳ барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби шуъбаҳои бонкӣ 5 миллиону 763 ҳазор сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 910 ҳазор сомонӣ бештар аст. Дар ин давра 195 субъекти соҳибкории нав ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, шумораи соҳибкороне, ки тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолият мекунанд, 78 нафар, хоҷагиҳои деҳқонӣ 108 адад ва шахсони ҳуқуқӣ 9 нафар зиёд шуданд.
Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатӣ 18 миллиону 700,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли гузашта 4 миллиону 884,4 ҳазор сомонӣ ё 35 фоиз зиёд мебошад.
- Мардуми ҷумҳурӣ саъю талош доранд, ки сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои сазовор пешвоз гиранд. Сокинони Рашт ба ин муносибат созандагию бунёдкориро то чӣ андоза равнақ бахшидаанд?
- Ин санаи муҳими таърихӣ барои ҳар фарди ҷомеа арзиши баланд дорад. Дар Рашт низ ҳар шахси солимфикр инро дарк мекунад. Аз ин рӯ, созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтааст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бунёд ва навсозии 260 иншооти таъиноти гуногун дар назар аст. Ҳоло бунёди як қисми онҳо ба анҷом расидааст ва дар қисмати дигар сохтмон идома дорад.
Пешвои миллат зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳия барои вусъати созандагию ободонӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бароварда намудани ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» супоришҳои мушаххас доданд. Онҳо масъулияти мардуми ноҳияро аз пештара бештар гардонид. Бояд тазаккур дод, ки соҳибкорони бонангу ор на танҳо дар ноҳия, балки ният доранд дар дигар мавзеъҳои кишвар низ ба хотири рушд саҳмгузор бошанд.
- Дар самти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чӣ корҳоро ба анҷом мерасанд?
- Мавзеъҳои нодири сайёҳӣ хеле зиёданд. Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Файзосор, Қалъанак, Ҳиҷборак, Ясман, Назарайлоқ ва Шавр бо табиати дилфиреб, афзунии гулу гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффо ва мардуми меҳмоннавоз шуҳратёр гардидаанд. Ҳар сол садҳо сайёҳ ба тамошои дараи Камароб меояд. Шаршараҳои хурду бузург, оби шифобахши Хушлар, шикоргоҳҳо, дарахти зиёди худрӯй, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандагони гуногун диққати сайёҳонро ҷалб намудаанд. Дар ин мавзеъ гулмоҳӣ, хирси малла, бузи кӯҳӣ, 23 намуди паранда ва 350 намуди гиёҳи шифобахш мавҷуд аст.
Дар деҳоти «Тагоба» дараи хушманзари Хуҷашамсиддин воқеъ мебошад, ки макони беҳтарин барои шикор аст. Дар деҳаи Оби Меҳнат оромгоҳи яке аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони ислом Хоҷа Абдуллоҳи Валӣ қарор дорад, ки дар китоби «Тазкират — ул — авлиё» — и Фаридаддини Аттор ёд шудааст. Дар деҳаи Белгӣ мақбараи олим ва шоири маъруф Мавлавӣ Одинамуҳаммади Қаротегинӣ — муаллифи китоби машҳури «Возеҳ — ул — баён» ҷойгир аст. Дар деҳаи Сафедтундак ҳавлии Мавлавӣ Ҷомии Сонӣ, дар деҳаи Аскалон оромгоҳи олим ва табиби машҳур Эшони Малеҳ, дар деҳаи Нимич суфа ва тарҳи осиёи бобоии шоири машҳур Мирзо Азизбеки Ҳаҷрӣ, дар деҳаи Бароти Шариф оромгоҳ ва ҳавлии фарзанди диловари тоҷик Усмони Маҳмадамин, ки ба муқобили манғитҳо мубориза бурдааст, дар Ҳоит оромгоҳҳои шоир Мавлавӣ Нозим, яке аз аввалин омӯзгорони маъруфи тоҷик Каримҷон Ҳусейнзода ва се нафар муаллимаи аввалини водӣ мавҷуданд.
Дар даромадгоҳи ноҳия чашмаи Навдонак ҷойгир аст, ки паҳлуи он чойхонаи барҳаво бо нақшунигори миллӣ қомат афрохтааст.
Ин манзараҳои дилрабо ва ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ метавонанд диққати ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷиро ҷалб намуда, даромади зиёд оранд.
Мусоҳиб Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»