Дар ноҳияи Рашт 2935 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият менамояд. Соли сипаришуда 73 гектар боғҳои нав бунёд ва дар майдони 213 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шуда, дар масоҳати 7278 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 249 гектар зиёд мебошад, — гуфт мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт Абдуразоқ Саломов.
Истеҳсоли картошка ба 46028 тонна, ғалладона — 5891, сабзавот — 10515, мева — 18075 ва хӯроки чорво ба 82955 тонна расид, ки мутаносибан нисбат ба соли 2018-ум 1373, — 31, — 98,- 57 ва 1795 тонна зиёд мебошад.
- Пешравии соҳаи кишоварзӣ ба хуб донистани маърифати истифодаи замин вобастагӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста мо — кишоварзонро ҳушдор медиҳанд, ки маърифати истифодаи заминро ёд гирем, то ҳосили дилхоҳ ба даст орем. Дар робита ба ин, ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии замин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд, — гуфт дар идомаи суҳбат номбурда.
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзеи «Дашти беоб»-и деҳоти Ҳоит ба масофаи 1,2 км қубур хобонда шуд, ки маблағи корҳои анҷомёфта 1 млн. 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби маблағҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру барқарорсозии каналу пойгоҳҳои обкашии ноҳия 187 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Дар деҳоти «Ясман» канали «Ҳисорак-2» ба масофаи 8 километр ва канали «Ҳисорак-1» ба масофаи 6 километр, «Қарашаҳр-1» ва «Қарашаҳр-2» ба масофаи 10 километр бо ҷалби соҳибкорон ва обистифодабарандагон таъмир шуд.
Пойгоҳи обкашии «50-солагии Тоҷикистон» дар деҳоти «Навдӣ», ки солҳои дароз аз истифода берун монда буд, таъмир гардид. Бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ марҳилаи якуми сохтмони канали «Камчароғ» дар Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Сурх» идома дошта, бо ба истифода супоридани он зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ мешавад.
- Умед дорем, ки соли 2020 рушди соҳа дар ноҳия ба марҳилаи сифатан нав ворид мегардаду кишоварзон нисбат ба соли сипаригардида бештар ҳосил ба даст меоранд, — гуфт дар хотима Абдуразоқ Саломов.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»