Сокинони деҳоти «Қалъаи сурх»-и ноҳияи Рашт ба тариқи ҳашар дар деҳаҳои Сияҳлояк ва Кӯлоба ду бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода доданд.
Ҳамзаалӣ Давлатов — раиси Ҷамоати деҳоти «Қалъаи сурх» зимни суҳбат гуфт, ки сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Кӯлоба, иборат аз 4 ҳуҷраи корӣ, ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ ва бунгоҳи тиббии деҳаи Сияҳлояк, иборат аз ду ҳуҷраи корӣ, ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ба тариқи ҳашар ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша ба анҷом расонда шуд.
Тайи ду соли охир дар деҳот аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва буҷаи маҳаллӣ 5 иншооти муҳим, ба монанди биноҳои дуошёнаи замонавии маъмурии ҷамоати деҳот ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 — и деҳаи Кадара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инчунин, аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ ба тариқи ҳашар роҳҳои деҳаҳои Ниёзбегиён, Себистон, Амирбек, Лангарак, Хост, обпартоҳои деҳаҳои Себистон, Шулонак таъмир ва азнавсозӣ гардида, сохтмони истгоҳи замонавӣ дар деҳаи Кадара, азнавсозии 4 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №111 ва бинои ёрирасон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34, чароғон кардани деҳаҳои Кадара, Лангарак, Шулонак ва Қалъаи Сурх ба анҷом расонда шуданд.
Дар ифтитоҳи бунгоҳҳои тиббии зикршуда Лоиқзода Қаноатшо Холиқ — раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ дар деҳот ва саҳмгузории аҳолӣ ҷиҳати ободу зебо гардондани диёр изҳори қаноатмандӣ кард.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»