Ду соли охир дар натиҷаи гармии ҳаво ва баланд гардидани сатҳи дарёи Сурхоб дар баъзе мавзеъҳо оби дарё соҳилҳоро вайрон карда, қисми зиёди заминҳоро хароб гардонд. Чунин вазъият 28 июни соли равон дар деҳаи Нимичи деҳоти «Ҷафр» ба амал омад. Оби дарё хеле зиёд шуда, ба шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Лахш наздик мешуд.Хушбахтона, бо ибтикори узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Қаноатшо Лоиқзода ситоди фаврӣ ташкил гардида, пеши роҳи харобкориҳои дарё гирифта шуд.
- Мо ба раиси ноҳия Қаноатшо Лоиқзода арзи сипос менамоем, зеро андешидани чораҳои фаврӣ имконият дод, ки заминҳои хоҷагӣ аз нестшавӣ наҷот ёбанд, — гуфт дар суҳбат сарвари хоҷагии коллективии Нимич Ҳавоҷиддин Сиддиқов.
- Ин мавзеъ як сол боз таҳти назорати мост. Аз моҳи апрел дар ин ҷо дар масофаи 3028 метри кубӣ сангҳои калонҳаҷм рехта шуд, аммо ғайричашмдошт рӯзҳои охир сатҳи дарё баланд гардид. Тайи чанд шаб то дамидани субҳ таҳти сарварии раиси ноҳия 100 метрро соҳилбандӣ кардем. Агар дар моҳи январ маблағ медоштем, пеши роҳи харобкориҳои дарё зудтар гирифта мешуд, — изҳор дошт сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Рашт Нуриддин Саидов.
- Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт андешидани чораҳои фаврӣ на танҳо шоҳроҳро аз харобшавӣ наҷот дод, балки заминҳои кишоварзиро эмин нигоҳ дошт, — гуфт дар суҳбат сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Абдураззоқ Саломов. Хавфи вайроншавии 50 гектар киштзори картошкаву ғалла ва дигар намуди сабзавот, 13 гектар боғи навбунёд ба миён омада буд. Ҳатто хонаҳои истиқоматии деҳа низ хисороти ҷиддӣ медиданд.
- Мехостам ба соҳибкор, собиқадори меҳнат Қутбиддин Исломов, ки роҳсозонро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намуд, изҳори миннатдорӣ намоям. Итминони комил дорам, ки мардуми кишвар дар муттаҳидӣ метавонанд пеши роҳи ҳар гуна вайронкориро бигиранд ва корҳои ободониро вусъат диҳанд, — зикр кард раиси ноҳия Қаноатшо Лоиқзода.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»