Дар ноҳияи Рашт бо мақсади бе мушкилӣ гузарондани мавсими сармо барои фаъолияти мунтазаму самарабахши корхонаю муассисаҳо ва рафтуомади бемамонияти сокинон дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 корҳои зиёд ба анҷом расиданд.
Тавре мудири бахши рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Хайриддин Хоҷазода иттилоъ дод, вобаста ба иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2022 таҳти № 133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2022-2023» аз 11-уми апрели соли 2022 таҳти № 170 қарори раиси ноҳия ба тасвиб расид. Дар асоси он нақшаи чорабиниҳо ва ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуда, корҳои зиёд амалӣ гардиданд.
Ба гуфти ӯ, талаботи солонаи аҳолии ноҳия ба маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили 20 ҳазору 595 тонна орд, 2 ҳазору 334 тонна равғани растанӣ, 12 ҳазору 632 тонна картошка, 1 ҳазору 663 тонна биринҷ, 2 ҳазору 60 тонна шакар, 5 ҳазору 629 тонна гӯшт, 15 ҳазору 790 тонна маҳсулоти ширӣ, 26 миллиону 636 ҳазор дона тухм, 22 ҳазору 792 тонна сабзавот ва полезӣ, 17 ҳазору 25 тонна меваҷот, 1 ҳазору 23 тонна моҳӣ ва 247 тонна намак мебошад. Талаботи аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо маводи сӯзишворӣ низ 41773 тонна ангишт ва 31956 метри мукааб ҳезум аст.
Дар муассисаҳои табобатӣ, фарҳанг, таҳсилоти олию миёнаи касбӣ, таҳсилоти умумӣ ва томактабии ноҳия барои давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2022-2023 дар маҷмӯъ 2153 тонна ангишт, 1152 метри мукааб ҳезум, 19,7 тонна орд, 2,5 тонна равғани растанӣ, 3,5 тонна биринҷ, 2,9 тонна шакар, 13,8 тонна картошка, 3,2 тонна сабзӣ ва 9,1 тонна пиёз захира шудааст.
Шумораи дегхонаҳо дар муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг 53 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмир ва барқарор намудани онҳо маблағи зарурӣ ҷудо шуда, дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Бо мақсади таъмини талаботи аҳолӣ тибқи ҳисоботи раёсати Ҷамъияти матлуботи ноҳия 21 нуқтаи фурӯши ангиштсанг, 22 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 17 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дошта, барои таъмини аҳолии ноҳия басанда мебошанд.
Аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини аҳолии ноҳия бо маҳсулоти зарурии ғизоӣ 500 тонна орд, 30 тонна шакар, 10 тонна равғани растанӣ ва 10 тонна сӯзишворӣ захира карда шуда, барои захираи маҳсулот 14 анбор бо ғунҷоиши 14710 тонна вуҷуд дорад.
Аз тарафи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия низ 900 метри мукааб маводи зидди лағжиш ва 8 тонна сӯзишвории дизелӣ захира гардида, 13 техникаю механизм барои давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2022-2023 омода карда шуданд.
Аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои буҷетӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023-юм 2 миллиону 500 ҳазору 790 сомонӣ барои хариди маводи сӯхт, 1 миллиону 452 ҳазору 31 сомонӣ барои таъмиру барқарорсозии биноҳо, дар маҷмӯъ 3 миллиону 457 ҳазору 821 сомонӣ маблағ равона карда шудаанд.
Дар шабакаҳои барқи ноҳия таъмиру барқарорсозӣ барои давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2022-2023 то кунун дар ҳаҷми 93 фоиз иҷро гардидааст.
Таъмирию барқароркунӣ дар иншооти обтаъминкунӣ ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад. Дар хатҳои магистралии шаҳракҳои Ғарму Навобод таъмир идома дошта, дар иншооти «Сохтмони хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Қалъаи Шайх» ба маблағи 1 миллиону 727 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардиданд. Дар ҳудуди деҳот 5 хатти оби нӯшокӣ ва 9 чоҳи амудӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби полезӣ дар каналҳои мавҷудаи ноҳия ба маблағи 95 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ иҷро гардида, иншооти хати оби полезӣ барои обёрӣ намудани 150 гектар замини лалмӣ бо қубури диаметри 400 мм дар мавзеи Дашти Беоби деҳоти «Ҳоит» ба маблағи беш аз 7 миллиону 600 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардиданд.
- Имсол омодагӣ ба мавсими сармо дар сатҳи баланд буда, бо боварӣ метавон гуфт, ки сокинони ноҳия зимистони пешомадаро дар шароити хуб сипарӣ мекунанд, — гуфт дар хотимаи суҳбат Х. Хоҷазода.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»