Рашт. Омодагиҳо ба наврӯз ҷараён доранд

№ 13.03.2023

Дар ноҳияи Рашт ба пешвози ҷашни Наврӯз он мардум рӯзҳои истироҳат  ба ҳашари умумӣ баромаданд. Дар шаҳраки Ғарм кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинон ба тамиз намудани атрофи коргоҳ, ҷӯйбору кӯча машғул мебошанд.

Тавре аз суҳбат бо масъулин маълум гашт, аз ҷониби  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯйхати нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуд, ки дар ососи он аз моҳи феврал корҳои омодагӣ оғоз гардиданд.

Дар шаҳраки Навобод кабудзоркунӣ ҷараён дорад, ки ин ба намои шаҳрак ҳусни дагаре зам намудааст.

Дар маҷмӯъ, тибқи нақша дар ҳудуди ноҳия имсол беш аз 150 ҳазор ниҳоли мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонда мешавад.

Наврӯз ҳамзамон оғози киштукор аст. Деҳқонони ноҳия бо умеди  гирифтани ҳосили фаровон аллакай ба киштукори саҳроӣ оғоз намуда, дар чандин гектар кишти баҳорӣ анҷом додаанд.

Кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия, ки масъули баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ мебошанд, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни фархунда омодагӣ ҷиддӣ мегиранд.

Ҳар касе, ки Наврӯзро бо хони пур аз неъмат шодию нишот ва дастовардҳои бузург пешвоз гирад, давоми сол хушбахту саодатманд ва дар фаровонӣ зиндагӣ хоҳад кард. Заҳмату талоши мардуми ноҳия дар ин самт гувоҳи он аст, ки Наврӯзи имсоларо бо шодию нишот ва дастоварду комёбӣ таҷлил хоҳанд кард.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»