Бетафовутӣ ба ёдгориҳои таърихӣ омили аз байн рафтани саҳифаҳои зиёди таърихи миллат мегардад. Чунин масъала дар ноҳияҳои водии Рашт ба чашм мерасад.
Бо ин сабаб садҳо ёдгории арзишманди ниёкон, ки дар кушодани муаммоҳои зиёди таърихӣ кумак расонида метавонистанд, аз байн рафтанд. Аз кормандони Хоҷагии давлатии Ҳоит, ки дар сохтмони фермаи чорвои калон дар деҳаи Ҳисорак ширкат варзида буданд, шунидам, ки ҳангоми ҳамвор кардани мавзеи «Қӯрғано» чандин нишон аз қалъа пайдо шуд. Собиқ сармуҳандиси хоҷагӣ Раҳимҷон Маҳмадҷонов гуфт, ки дар як гӯша ҷасади одамон аз таги хок берун баромад, ки ба тарзи аҷиб рӯи ҳам дафн шуда буданд. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳанд, ки ин қалъа ҳамон қалъаи Дижрошти замоне ободу маъруф аст, ки садсолаҳо маркази шоҳигарии кишвари Рошт будааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ муносибат ба мероси ниёгонамон хуб шуд. Бо талошу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқу ташвиқи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик вусъат гирифта, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии сокинони мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон, корҳои бузург сомон ёфт.
Ҳоло бозёфтҳои нодири таърихие, ки аз ҷониби сокинони ҷумҳурӣ ва бостоншиносон ёфт мешаванд, дар осорхонаҳо нигоҳдорию тарғиб мегарданд.
Дар ноҳия бо талошҳои зиёд ёдгориҳои бостонии Қалъаҳои Шоҳон, Бобурхон, Духтарқалъа, Бачақалъа, Қалъаи Калон, Ялдамич, Ҳусейн, Шул, Димнаи Сар, Сангин, Ҳисорак, Качамандӣ, Бини Сафиён, Япалоқӣ, Турсун, Дидбонгоҳи Даҳана, Бошишгоҳи Гӯри Қазоқон, ёдгориҳои меъмории оромгоҳи Ҳазрати Хоҷа Абдуллоҳи Валӣ, мақбараҳои Хоҷаи Сабзпӯш, Хоҷа Машъала, Хуҷумбори Валӣ ва ёдгориҳои монументалии муҷассамаи Модари Ҳоит ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидаанд. Инчунин, рӯйхати 12 ёдгории таърихӣ, чор ёдгории монументалӣ, ёдгории меъморӣ ва оромгоҳи 48 шахсияти барҷастаи замони гузашта барои ворид шудан ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Бо вуҷуди ин, дар самти ҳифзи мероси ниёгон ва фаъолияти осорхона нуқсон ба назар мерасад. Тавре директори Осорхонаи бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибулло Олимов гуфт: «Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Рашт дар ҳуҷраи кории бахши фарҳанг ҷойгир буда, дар он 520 нигора аз асрҳои пеш аз мелод то ба имрӯз нигоҳдорӣ мешаванд. Тибқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», дар маркази ноҳия сохтмони бинои нави осорхона ба нақша гирифта шуд, аммо он то ба имрӯз сохта нашудааст.
Бо талоши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар шафати бинои Кохи фарҳанги шаҳраки Ғарм замин ҷудо гардида, корҳои ҳуҷҷатгузорӣ қисман ба тартиб дароварда шуд.
Бахши фарҳанги ноҳия барои иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» бо қарори раиси ноҳия «Барномаи ноҳиявии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025»-ро омода намуд. Умед дорем бо пурра амалӣ гаштани барномаи навбатӣ, ки ба ҳифзу муаррифии бештари ёдгориҳои таърихӣ нигаронида шудааст, Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Рашт соҳиби бино мегардад.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»