Дар гузашта сарватмандон ба бунёди мактабу мадорис мекӯшиданд ва пайваста талош мекарданд дар шаҳрҳои хурду бузург биноҳои муҳташам созанд. Мақсад аз бунёди чунин иншоот саҳм гузоштан дар тарбияи маънавии ҳамзамонони худ буд, аммо бо мурури вақт ин анъана фаромӯш шуд. Бунёди муассисаи таълимӣ ва таълими фарзандон танҳо ба дӯши давлат афтод. Хушбахтона, ин анъанаи фаромӯшшударо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё ва соҳибкорони кишварро ба корҳои хайр ҳидоят намуданд.
Дар ноҳияи Рашт соҳибкорон пайваста аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ мекунанд. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди иншооти зиёд, аз ҷумла биноҳои таълимӣ, дар назар аст. Дар нуҳ моҳи соли сипаригардида дар даҳ деҳаи ноҳия муассисаи таълимии нав қомат афрохтанд, ки 8-тои он бо саҳми соҳибкорон бунёд гаштааст. Яке аз он муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 дар деҳаи Кӯли деҳоти «Аскалон» мебошад, ки аз тарафи соҳибкори ватандӯст Ширинхӯҷа Асланов сохта шуд. Бинои нави таълимӣ, ки барои 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, имкон фароҳам меорад хонандагон бе мушкилоти ҷойи нишаст таҳсил намоянд. Муассиса бо тамоми таҷҳизоти муҳими таълимӣ таъмин мебошад.
Дар ифтитоҳи бинои мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ ширкат намуда, амали соҳибкорро хайр ва ватандӯстона арзёбӣ карда, соҳибкор Ширинхӯҷа Аслановро бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қадр намуд. Зимнан, ин дуюмин муассисаи таълимӣ мебошад, ки Ширинхӯҷа Асланов дар ноҳия бунёд намудааст.
Дар шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и деҳаи Болошаҳри деҳоти «Оби меҳнат» бо ташаббуси соҳибкорон Зафарҷон Маликов ва Шарифбек Давлатов муассисаи дуошёна бунёд гардид. Деҳаи Болошаҳр яке аз дурдасттарин деҳаҳои ноҳия мебошад. Аз суҳбат бо сокинони деҳа маълум шуд, ки қаблан фарзандонашон дар муассиса аз норасоии ҷойи нишаст танқисӣ мекашиданд. Бо бунёди бинои иловагӣ ин мушкилӣ бартараф шуд. Бинои нави таълимӣ дорои 350 ҷои нишаст дар як баст буда, бо таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад. Раиси ноҳия бо таъкиди он ки амали хайри соҳибкорон аз хотири мардуми ноҳия, хоса деҳаи Болошаҳр, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд, Зафарҷон Маликов ва Шарифбек Давлатовро бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт сарфароз намуд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»