Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт се меҳмонхона ва ҳостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуд.
Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди се меҳмонхона дар маркази ноҳия ва истироҳатгоҳҳои муосир дар мавзеъҳои сайёҳии Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва дар соҳили Кӯли калони деҳоти Аскалон оғоз гардид.
Дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ноҳия бошад, бунёди 20 истгоҳи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони 15 адади он ба анҷом расидааст. Дар заминаи истгоҳҳои мазкур нуқтаҳои фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, нуқтаҳои хӯроки тезтайёр ва гӯшаҳои деҳқон пешбинӣ гардидаанд.
Айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 1 гестҳауз (меҳмонхонаи хурд), 15 ҳомстей, 3 тарабхона, 20 ошхона, 14 нуқтаи хӯроки тезтайёр маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ ва 2 маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият доранд.
Соли равон ба ноҳия 2392 сайёҳу меҳмон, аз ҷумла 2247 нафар дохилӣ ва 145 хориҷӣ, ворид гардидаанд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»