Рашт. Вохӯриҳо дар маҳал идома дорад

№ 06.03.2025

1Дар ноҳияи Рашт доир ба расондани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳо хотирмону муассир сурат гирифта истодаанд.

То ҳол дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоиту Ясман ва Қалъанаку Навдӣ чунин вохӯриҳо гузаронида шуд.

 Дар вохӯриҳо Зарина Идизода, раиси ноҳия, андешаронӣ намуда, раисони ҷамоатҳо оид ба корҳои иҷрошуда ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар соли 2025 ҳисобот манзур менамоянд.

Дар вохӯриҳо роҷеъ ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, рушд додани соҳаи саноат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин роҳ таъмини болоравии сатҳи иҷтимоӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, касбомӯзӣ, дастгирии занон, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум, рушд додани соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди  масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта мешавад.

3Дар ин радиф, раиси ноҳия ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи манфиат ва дастовардҳои давлату ҷомеа, волоияти қонун баромадҳо намуда, иштирокдоронро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ даъват карданд.

Зарина Идизода дар фароварди чорабиниҳо таваҷҷуҳи аҳли заҳмати ноҳия ва соҳибкорони маҳаллиро ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия» ҷалб намуд.

Д. МИРЗО,

«Садои мардум»