Суҳбат бо директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Расулзода
- Чанде пеш 90-солагии хадамоти обуҳавошиносӣ таҷлил гардид. Хоҳишмандем мухтасар дар бораи таърихи он каме маълумот диҳед.
- Аз қадим масъалаҳои марбут ба обу ҳаво диққати одамонро ба худ мекашид. Ҳамин ки сол камбориш меомад, ниёгон дуо мекарданд, ки Худованд раҳматашро фиристад, то замин ҳосилхезу ризқу рӯзӣ фаровон гардад. Одамон аз рӯи мушоҳидаҳо чӣ гуна омадани солу моҳро ба таври худ муайян мекарданд, яъне аз ҳамон айём мардум нисбат ба ҳодисаҳои табиат бетараф набуданд. Бо гузашти айём мушоҳида, омӯзиш ва пешгӯйии обу ҳаво миёни мардум ба ҳукми анъана даромад. Ин раванд бо мурури солҳо боиси андеша ва тадқиқотҳои илмӣ гардид. Таҷрибаҳои зиндагӣ, мушоҳидаи гардиши офтобу ивазшавии шабу рӯз, вазиши шамол ба донишмандон имконият медод, ки ҳодисаҳои табииро пешгӯйӣ кунанд. Бо гузашти айём илму техника инкишоф ёфт ва нахустин дастгоҳҳои обуҳавосанҷӣ пайдо шуданд. Акнун олимон бо истифодаи расадхонаву дастгоҳҳои махсус бо нишондодҳои аниқ вазъи обуҳаворо пешгӯйӣ мекарданд.
Олимони рус дар заминаи мушоҳидаҳои ҳазорсола солномаи обуҳавошиносиро ба вуҷуд овардаанд. Аввалин натиҷаҳои обуҳавошиносиро дар нимаҳои асри XVlll олим В. Н. Татишев ба даст оварда, мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар Осиёи Миёна охири асри ХIХ аввалин муассисаҳои обуҳавосанҷӣ таъсис шуданд. Маҳз дар ҳамин давра олимони шинохта Н. Л. Карженевский, В. Ф. Ошанин, А. П. Федченко ва дигар табиатшиносон ба диёри зебоманзари мо экспедитсияҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ташкил кардаанд. Ин муҳаққиқонро иқлими муътадил, табиати дилфиреби кӯҳистони Тоҷикистон ба ваҷд овард. Онҳо солҳои дароз кӯҳу камар, чашмаю рӯдҳо, айёми баҳору фасли сармо, қуллаҳои барфпӯшро омӯхтанд. Муҳаққиқон хусусият ва обуҳавои диёрро омӯхта, зарурати ташкил кардани нуқтаҳои назорати обуҳаворо ба миён гузоштанд. Бо ин мақсад соли 1866 (асри Х1Х) дар шаҳри бостонии Хуҷанд аввалин нуқтаи назоратии обуҳавосанҷӣ ба фаъолият оғоз намуд. Баъд дар кишвар стансия, нуқтаҳои дигари обуҳавосанҷӣ ба фаъолият шурӯъ карданд.
Тибқи декрети Шӯрои комиссариати халқ оид ба «Ташкили хизмати метеорологӣ дар қаламрави РСФСР», ки 21 июни соли 1921 ба тасвиб расид, соли 1926 дар назди Комиссариати халқии шаҳри Душанбе Бюрои гидромет ва баъдан Раёсати хадамоти гидрометеорологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуд. Бунёдгузор ва аввалин роҳбари он Н. С. Трухманов буд. Ҳамроҳи вай дар барқароркунии стансияҳои обуҳавосанҷӣ дар Тоҷикистон мутахассисон В. М. Прасолов, С. С. Лебедев, Н. С. Темников низ ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд. Соли 1930 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 стансияи обуҳавошиносӣ ва 17 дидбонгоҳи обченкунӣ амал мекарданд.
Соли 1932 дар доираи стансияи метеорологии шаҳри Душанбе аввалин гурӯҳи обуҳавосанҷӣ иборат аз се нафар созмон шуд, ки он ба оғози фаъолияти Хадамоти обуҳавошиносӣ дар Тоҷикистон асос гузошт. Соли 1933 нахустин Раёсати ҷумҳуриявии гидрометеорологӣ таъсис ёфт ва ҳамон сол Обсерваторияи гидрометеорологӣ дар пиряхи Федченко ба фаъолият оғоз кард. Маҳз дар солҳои 30-юми асри ХХ аввалин варақа-бюллетенҳои пешгӯйии обу ҳаво пайдо шуданд. Баъди нахустин парвози ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон зарурати таъмин кардани ин соҳа бо маълумоти дақиқи метеорологӣ ба миён омад. Бо ин мақсад моҳи марти соли 1932 дар фурудгоҳи пойтахт стансияи метеорологӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар он ду мутахассис кор мекарданд.
Солҳои сиюми асри ХХ айёми пешрафту шукуфоӣ, расидан ба дастовардҳои нав дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ба шумор мераванд. Дар остонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон 43 стансияи обуҳавосанҷӣ ва 54 дидбонгоҳи обченкунӣ мавҷуд буд, ки дар онҳо беш аз 200 нафар фаъолият менамуданд. Соли 1946 дар шаҳри Душанбе шабакаҳои муҷаҳҳази мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ созмон ёфтанд, ки қабати ҳаворо санҷида, оҷилан маълумот тайёр мекарданд. Дар он солҳо мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ асосан барои муайян кардани ҳолату маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ, намнокии замин сурат мегирифт. Соли 1955 дар шаҳри Душанбе бо кӯшиш ва талоши мутахассисон нахустин озмоишгоҳ — Обсерваторияи гидрометеорологӣ кушода шуд.
Аз соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон отрядҳои махсуси хадамоти зидди жола ба фаъолият оғоз намуданд ва дар ҳамкорӣ бо кишоварзон ҳосили парваришкардаи деҳқононро аз борону жола ва дигар ҳодисаҳои табиӣ ҳифз мекарданд.
Аз соли 1972 ба Хадамоти обуҳавошиносӣ таҷҳизоти иттилоотии моҳвора (спутник) ворид шуд, ки кори мутахассисонро хеле осон намуд. Барои расондани маълумоти фаврӣ ва иттилоотӣ-гидрометеорологӣ таҷҳизоти АСПД-ҳаво насб шуд.
Солҳои 80 — 90-уми асри гузашта Хадамоти обуҳавошиносии Тоҷикистон дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз беҳтаринҳо маҳсуб ёфта, кадрҳои илмӣ — муҳандисиро муттаҳид мекард.
- Дар солҳои соҳибистиқлолӣ хадамот чӣ гуна ташаккул ёфт?
- Баробари Истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон Агентии обуҳавошиносӣ низ пеш рафта, ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Дар ин давра фаъолияти Агентӣ бо истифодаи захираҳои дохилӣ тавсеа ёфта, мутахассисони ҷавону кордон ҷалб шуданд. Кормандони Агентӣ фаврӣ Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии Арал, кумитаҳои омор, телевизион ва радио, Шӯрои генералии иттифоқи касаба, рӯзномаю маҷаллаҳои давриро ба маълумот оид ба вазъи обу ҳаво таъмин месозанд.
Истифодаи самаранок аз техникаи наву муосир, аз қабили компютер, хатти интернет, моҳвора (спутник), харитаҳои синоптикӣ ва усулҳои нави пешгӯйии обу ҳаво имконият додааст, ки мутахассисони Агентӣ маълумоти аниқу саҳеҳ пешкаш созанд. Ширкатҳои мобилиро низ зарур аст, ки бобати пешниҳоди маълумоти обу ҳаво бо Агентӣ ҳамкорӣ кунанд.
Айни ҳол шабакаҳои обуҳавосанҷии Тоҷикистон дорои 57 стансияи обуҳавосанҷӣ ва 126 дидбонгоҳи гидрологӣ, метеорологӣ, барфу тарма, агрометеорологӣ ва мушоҳидаҳои олудагии муҳити зист мебошанд.
- Имрӯз тағйирёбии иқлим ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Дар ин самт Агентӣ чӣ корҳоро анҷом дода истодааст?
- Дар робита ба ин, барои амалӣ намудани Конвенсияи меъёрии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурӣ Нақшаи миллии фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим таҳия ва ба тасвиб расонида шуд. Ахбороти якуми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим таҳия гардид. Ахбороти дуюм ва сеюми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуд. Ахбороти сеюми мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, экосистемаҳо ва ҷангал, захираҳои замин, об, кишоварзӣ ва саломатии аҳолиро дар бар мегирад.
Соли 2004 дар заминаи Агентии обуҳавошиносӣ Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озонӣ ташкил шуд. Марказ дар асоси нақшаи кории Агентии обуҳавошиносӣ назорати Нақшаи миллии фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлимро ба уҳда дорад.
Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ дорои 5 шуъба — пешгӯйии обу ҳаво, обшиносӣ, агрометеорологӣ, метеорологӣ ва бойгонии иттилоотии обуҳавошиносӣ мебошад. Пешгӯйӣ асосан консултативӣ (маслиҳатӣ) сурат ва дурустиаш 70 дарсадро дар бар мегирад. Агентӣ имкон дорад, ки аҳолиро 48 соат пеш аз сар задани баъзе аз офатҳои табиӣ тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ созад.
Феълан дар шуъбаи пешгӯйии обу ҳаво 16 стансияи обуҳавосанҷӣ бо усули автоматӣ амал мекунанд. Акнун масъулони соҳа имкони ҳар даҳ дақиқа дастрас намудани маълумотро пайдо кардаанд. То соли 2018 дар муассисаву корхонаҳои Агентӣ 70 дарсади асбобҳои муосири ченкунӣ ва барномаҳои компютерӣ, ки барои пешгӯйии дақиқи вазъи обу ҳаво заруранд, пурра насб мегардад.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»