Соли равон ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сӣ сол пур мешавад.
Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон Аррушайдон зимни мулоқот бо рӯзноманигорон изҳор намуд, ки моҳи сентябр барои мардуми ҳар ду кишвари дӯсту бародар хотирмон аст, зеро 9 сентябр сокинони Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва 23 сентябр дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Рӯзи миллӣ (солгарди таъсисёбӣ ва муттаҳидшавӣ) таҷлил мегардад. Шоҳи асосгузор Абдулазиз ибни Абдураҳмон оли Сауд 23 сентябри соли 1932 дар натиҷаи муборизаи 30-сола тавонист давлати Шоҳигарии Арабистони Саудиро таъсис диҳад.
Сафир доир ба густариши робитаҳои ҳар ду кишвар иттилоъ дода, зикр намуд, ки соли ҷорӣ дар ин самт якчанд қадами устувор гузошта шуд. Аз ҷумла, моҳи май бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ байни кишварҳо мулоқоти маҷозии вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ бо раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ӯ, инчунин, дар бобати зарурати ифтитоҳи хатсайрҳои «Душанбе-Ҷидда» ва «Душанбе – Мадина» сухан ронда, зикр кард, ки мақомоти масъули соҳаи авиатсияи ҳар ду кишвар баҳри амалишавии ин нақшаи деринтизор чораҷӯӣ карда истодаанд. Амалишавии он дар густариши робитаи кишварҳо дар самти сайёҳӣ, ҳамкории фарҳангию иқтисодӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»