Бисту нуҳуми августи соли равон Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба сиёсати нави раводид, ки аз ҷониби Ҳукумати Покистон ҷорӣ шудааст, бо ҳузури рӯзноманигорони мухталифи расонаҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар ба рӯзноманигорон дар бораи сиёсати нави раводиди Покистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон маълумот дод. Ӯ зикр намуд, ки дар асоси сиёсати нав шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар тӯли 24 соат бидуни пардохти маблағ раводиди Покистонро дастрас кунанд.
Бо ин мақсад дар системаи онлайнии раводиди Покистон категорияи наве барои мақсадҳои тиҷоратӣ ва сайёҳӣ бо номи «Visa Prior to Approval (VPA)» илова карда шудааст. Довталабон бояд тавассути вебсайти системаи раводиди онлайни Покистон https://visa.nadra.gov.pk худро ба қайд гирифта, тартиби оддии пешниҳоди дархостро риоя кунанд.
Ба онҳо танҳо пешниҳод кардани маълумотномаи шиносномаи хориҷӣ ва як дона сурат лозим меояд.
Пас аз пешниҳоди маълумот дар давоми 20-30 дақиқа ба шахси дархостдиҳанда раводиди электронӣ дода хоҳад шуд.
Муҳаммад Саид Сарвар, инчунин, дар бораи робитаҳои амиқи таърихии Покистон ва Тоҷикистон, ки ба таърих, фарҳанг, ҷуғрофия ва эътиқоди муштарак асос ёфтааст, таъкид кард. Вай бо ёдоварӣ аз сафари Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон рӯзҳои 2-3 июли соли 2024 зикр намуд, ки ин сафар ба равобити дуҷонибаи Покистон ва Тоҷикистон такони тоза бахшид. Вай афзуд, ки дар ҷараёни ин сафар як қатор созишномаҳои муҳими дуҷониба, аз ҷумла Созишномаи шарикии стратегӣ ба имзо расид.
Сафир зикр намуд, ки соли 2024 давраи раисии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Созмони ҳамкории Шанхай мебошад ва дар ин марҳила ташаббусҳои созанда дар фаъолияти созмон хеле назаррас ҳастанд. Аз ҷумла, 12 сентябри соли равон дар шаҳри Исломобод ҷаласаи вазирони Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодии хориҷӣ ва савдои хориҷӣ баргузор мегардад.
Муҳаммад Саид Сарвар ибрози қаноатмандӣ кард, ки аз 27-уми июни соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳар рӯзи панҷшанбе парвози ҳавопайморо бо хатсайри Душанбе-Исломобод ба роҳ мондааст. Муддати парвоз ҳамагӣ як соату 20 дақиқаро дар бар мегирад. Умед аст, ки бо роҳандозии хатсайри мазкур ва пешниҳоди раводиди ройгон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамкориҳои ду кишвари бародар дар бахшҳои сайёҳӣ ва тиҷорат хоҳанд афзуд.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Муҳаммад Саид Сарвар мардуми Тоҷикистонро ба муҳимтарин ҷашни дарпешистода — Ҷашни Истқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба халқи тоҷик сарбаландию пешрафт ва шукуфоӣ таманно кард.
Сайфиддин СУННАТӢ
«Садои мардум»