Дар даврони шӯравӣ мавзеи Дашти Регаки ноҳияи Тоҷикобод бо картошкаи бомазаву хушсифат шуҳрат дошт. Солҳое, ки Тоҷикобод ба ноҳияи Ғарм (Рашт) мутааллиқ буд, картошкапарварони тоҷикободӣ бо меҳнати ҳалолу ҳунари воло дар кишвар машҳур буданд.
Соле, ки хоҷагии давлатии ба номи Абдулло – командир таъсис ёфт, заминсозӣ ва обёрӣ дар мавзеи Регак идома дошт. Кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунисти ноҳияи Ғарм сарварии хоҷагиро ба уҳдаи фарзанди номдори диёр Худоёр Одинаев гузошт. Номбурда аз зумраи роҳбароне буд, ки ба қавли пирони деҳ, «барои онҳо Худованд дар лавҳи қазо пеш аз ба дунё омадан санъати роҳбарӣ ва истеъдоду дониши зотиро сабт карда буд». Ҳамон солҳо раҳматии Усмон Ҳасанов котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Ғарм буд. Маҳз дар даврони кории ӯ ноҳияи Ғарм дар қатори беҳтарин навоҳии ҷумҳурӣ ном бурда мешуд.
Бо дастгирии Усмон Ҳасанов ва заҳматҳои шабонарӯзии Худоёр Одинаев замини кишти картошка дар мавзеи Регак ба 130 гектар расонда шуд. Соли 1970 азхудкунии заминҳои бекорхобида оғоз ёфт ва баъди ба истифода додани як қисми мавзеъ, соли 1976, хоҷагии давлатии ба номи Абдулло – командир ташкил гардид. Мутахассисон аз Сурхкӯл ба заминҳои нав канал кушода, соли 1981 дар майдони 112 гектар картошка кишт карданд ва аз ҳар га 372 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Тухмии хушсифати Россия ба иқлими Тоҷикистон хеле мувофиқ буд.
Соли 1991 ноҳияи Тоҷикобод дубора барқарор гардид ва картошкапарварони хоҷагии давлатии ба номи Абдулло — командир мисли солҳои пешин таҷрибаи андӯхтаро истифода бурда, аз ҳисоби истеҳсоли картошкаи хушсифат буҷаи ноҳияро ғанӣ гардонда, зиндагии шоистаи аҳли диёрро таъмин мекарданд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо сабабҳои маълум як муддат кори кишоварзони ноҳия омад накард. Солҳои пур аз фоҷиа ва кашмакашҳои бемаънӣ ба хоҷагии халқи ноҳия хисороти зиёд ворид шуд. Картошкапарварон низ аз ноумедӣ ба касб дилгармӣ надоштанд. Тухмии хушсифат ҳам чанд сол дастрас набуд. Хушбахтона, сафарҳои пай дар паи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикобод, суҳбатҳои таъсирбахш ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаашон сокинони ноҳияро ба ояндаи кишвар дилгарм намуд.
Айни ҳол шумораи хоҷагиҳои Дашти Регак хеле афзудааст. Ҳар як хоҷагӣ дар ихтиёр аз як то чор гектар замини обӣ дорад. Соли 2018 картошкапарварон дар Дашти Регак 104 гектар картошка кишт карданд, ки нисбат ба соли пеш 26 гектар зиёд аст. Имрӯз кас аз дидани манзараҳои сабзу хуррами ин гӯшаи кӯҳистон лаззат мебарад.
Раиси Ҷамоати деҳоти «Ширинчашма» Мусо Мазоқов иброз намуд, ки Пешвои миллат зимни сафар ба ноҳия дар мавзеи Дашти Регак бо картошкапарварон суҳбати самимӣ баргузор намуданд. Зиёд намудани майдони кишти картошка аз ҷумлаи дастурҳои Пешвои миллат аст.
- Мо бовар дорем, ки дар ояндаи наздик картошкапарварон дар Дашти Регак масоҳати майдони киштро ба 120 — 130 гектар мерасонанд ва Регак мисли даврони шӯравӣ шуҳратёр мегардад, — мегӯяд Мусо Мазоқов.
Аммо аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки барои амалӣ гардидани ин нияти хайр аз байн бурдани баъзе мушкилоти мавҷуда зарур аст. Аз ҷумла, имрӯзҳо норасоии об ба чашм мерасад. Солҳои шӯравӣ ҳар баҳор сарбанди канал дар мавзеи Сурхкӯл таъмир мегардид ва имкон медод, ки картошкапарварон бо дилгармӣ ба киштукор машғул шаванд. Хуб мешуд, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли ин масъала дар доираи имконот ба картошкапарварони ноҳияи Тоҷикобод мадад менамуд. Дар ҳолати дастгирӣ ёфтан итминон комил мегардад, ки майдони кишти картошка дар Дашти Регак сол то сол зиёд мешавад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»