Чанде пеш як гурӯҳ меҳмонон-олимони макотиби олии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи кӯҳканӣ ба Донишгоҳи металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ташриф оварданд. Ректори Донишгоҳи давлатии шимолу ғарбии шаҳри Кунмини Хитой профессор Рен Ху Лиан зимни гуфтушунид бо роҳбарияти Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургӣ таассуроташро аз табиати зебоманзари кишвар чунин баён намуд:
- Ман бори нахуст ба Тоҷикистон омадам. Пеш аз ҳама, маро ободии шаҳри Душанбе мафтун кард, ки воқеан ҳам зебову назаррабо аст. Ҳамчунин, зимни аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд сафар кардан, ки бо шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» сурат гирифт, кӯҳҳои сарбафалаккашида, арчазорон ва шаршараҳои обҳои мусаффо табъи моро хеле болида дошт. Ману ҳамроҳонам беихтиёр мегуфтем: «мардуми Тоҷикистон, воқеан ҳам, инсонҳои хушбахтанд, ки Худованд ба онҳо назари марҳамат кардааст. Бубинед, кӯҳҳоро, ки дар синаи худ садҳо намуд кандании фоиданокро маҳфуз медоранду яке аз сарчашмаҳои асосии боигарӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуманд, иловатан табиати зебоманзару назарраборо ҳам ба худ касб кардаанд».
Мо медонем, ки роҳбарияти олимақоми кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ кӯшиши зиёд доранд. Марбут ба ин робитаҳои зиёди иқтисодиро бо давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ватани мо – Хитой, ба роҳ мондааст, ки шоистаи таҳсин мебошад. Сафари кории анҷомдодаи мо низ дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳо сурат гирифт.
Мо ба ватан бо табъи болида аз Тоҷикистон бармегардем. Он, воқеан ҳам макони сайру саёҳат аст. Инчунин, хоҳони боз ҳам шукуфоӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлолем.
Таснифи Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»