Шоинбек фарзанди дуюм дар хонадон маҳсуб мешуд ва аз овони хурдӣ бачаи зираку доно буд. Овони наврасиаш дар деҳаи Патхӯри деҳоти баландкӯҳи Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон гузаштааст. Соли 1966 мактаби миёнаи деҳаи Ванқалъаи ноҳияи Шуғнонро бо баҳои хубу аъло ба итмом мерасонад. Аз хурдӣ нисбати пешаи омӯзгорӣ шавқу рағбат пайдо карда, соли 1967 ба шуъбаи биология ва химияи факултети географияи табиии Институти давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуд. Ҳангоми таҳсил аз омӯзгорону устодони шинохта, декани факултет Убайд Зубайдов, дотсент Полина Колесникова, мудири кафедраи биологияи умумӣ, дотсент Юнус Бобоев ва дигарон сабақ омӯхта, донишашро мукаммал намуд. Фаъолияти педагогии омӯзгори ҷавон Шоинбек Имомназаров аз моҳи сентябри соли 1972 дар мактабҳои ҳаштсолаи рақами 45 ва 46-и деҳаҳои Сардем ва Шазуди ноҳияи Шуғнон оғоз ёфт. Се сол дар ин деҳаҳо омӯзгорӣ карда, соли 1975 ба мактаби миёнаи рақами 43-и деҳаи Ванқалъа даъват шуд ва 28 соли ҳаёташро дар ин деҳаи баландкӯҳ сипарӣ намуд. Ба шогирдон аз фанҳои география, химия ва биология дарс додааст.
Дар ин байн, соли 1984 дар Хонишҳои педагогии XII, ки дар шаҳри Алмаато доир шуд, иштирок карда, дар мавзӯи «Мавқеи фаъолона дар интихоби бошууронаи касб» маърӯза карда, сазовори дипломи дараҷаи I гардид. Умуман, омӯзгор Шоинбек Имомназаров иштирокчии Хонишҳои XI, XII, XIII ва XIV-и педагогӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мебошад. Мавсуф аз соли 1989 то ба нафақа баромаданаш (соли 2013) дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54-и деҳаи Патхӯри ноҳияи Шуғнон кору фаъолият намуд. Бештари шогирдонаш касби омӯзгориро интихоб карда, солҳои зиёд ҳамроҳи устодашон дар як мактаб кор кардаанд.
Давоми фаъолияти хеш мавсуф 36 нафар омӯзгорони ҷавонро тайёр кардааст. Беш аз 100 нафар шогирдони ӯ кормандони соҳаи тандурустӣ мебошанд. Шогирдонаш номзади илмҳои биология Савриноз Давлатмамадова, номзади илмҳои тиб Ховаршо Ғарибшоев ва номзади илмҳои кимиё Тоҳирбек Ниятбеков дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият карда истодаанд. Сарфи назар аз он ки дар нафақа аст, ҳанӯз ҳам шогирдони худро дастгирӣ менамояд.
Меҳнати ҳалол ва софдилонааш бо чаҳор Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо шаш сипосномаҳо сарфароз гардидааст.
Зиёда аз 35 сол роҳбарии Иттиҳодияи методии фанҳои кимиё, биология ва география дар мактабҳои миёнаи деҳоти Ванқалъаро бар уҳда дошт.
Муътақидам, ки ин марди фозил рисолати касбии худро назди Ватан — Модар адо кардаву аз умри рафта пушаймонӣ надорад.
Зайнура САФАРМАМАДОВА, донишҷӯи курси сеюми шуъбаи воқеанигори варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов