- Артиши миллии сӣ сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муназзам ва неруманду боэътимод табдил ёфтааст,- зикр карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бегуфтугӯ, чун дастовардҳои дигар, комёб буданамон дар ин ҷода низ ба нияти нек ва иродаи қавии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад. Агар ба тадбирандешиҳо барои таҳкими истиқлоли давлатӣ мутаваҷҷеҳ шавем, аз ду усули маъмулу эътирофшуда — ҳарбӣ ва маънавӣ огоҳ мегардем. Усули ҳарбии ҳифзу таҳкими истиқлоли давлатӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили қӯшун, мақомоти амниятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, дигар аркони давлатдорӣ ва муттасил ташаккул додани фаъолияти онҳо рабт дорад.
ҲАТТО ЯК МИЛТИҚИ ЧӮБИН НАДОШТЕМ
Доир ба раванди такомули Артиши миллӣ сухан ронда, Пешвои миллат минҷумла гуфтанд: «Вақте ман сари қудрат омадам, мо вазорат надоштем, вазири дифоъ надоштем, генерал, афсар надоштем, сарбоз ҳам надоштем, як милтиқи чӯбин надоштем. Артиши миллиро ман дар зери хайма таъсис додам, иншоот надоштем. Аз дигар кишварҳои ҳамсоя ман афсаронро даъват кардам, хоҳиш кардам ва аз байни онҳо вазир таъин кардам».
Қобили зикр аст, ки баробари пош хӯрдани ИҶШС роҳбарони кишварҳои соҳибистиқлолшуда дар навбати аввал фармон дар бораи миллӣ намудани силоҳу муҳимоти ҳарбиеро, ки дар қаламрави кишварҳояшон ҷойгир буд, содир намуданд. Мутаассифона, дар мамлакати мо, бинобар муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудани роҳбарони вақти кишвар имкон фароҳам шуд, то силоҳу муҳимоти ҳарбии дар кишвар мавҷудбуда берун бурда шавад ва замоне ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Пешвои миллат ба ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ иқдом намуда, комёб гардиданд.
Аз ҷониби дигар, Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар мубориза барои барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ ҷонфидоӣ карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд».
Минбаъд ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти ташкили мудофиа ва ҳимояи кишвар муайян шуданд. Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъсис додани қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба таъминоти ҷузъу том идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки имрӯз зиёда аз 80 фоизи хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи мо афсарони касбӣ, яъне хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ мебошанд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат беш аз 28 ҳазор мутахассис омода карда шуд. Бунёди 2600 иншооту бинои нав барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат самараи усули ҳарбии таҳкими истиқлоли давлатӣ мебошад.
ВАҚТЕ САРФАРМОНДЕҲ МИСЛИ ФАРЗАНД ДӮСТ МЕДОРАД
Далели раднопазир аст, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва далерию ҷоннисориҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар кишвар ҳокимияти қонунӣ барқарор ва заминаҳои устувори суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам гардид. Муҳимтар аз ҳама, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо аз имтиҳони садоқат, маҳорат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд. Дар ин робита Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам».
Эътироф бояд кард, ки чунин хусусият на дар ҳар артиши кишварҳои хориҷи дуру наздик ба мушоҳида мерасад. Ҷасорати камназири афсару сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, руҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқати онҳо ба Ватан, давлат, халқи мамлакат аз таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии доимии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст. Ин таваҷҷуҳ то ҳадде хоса аст, ки Президенти ҷумҳурӣ дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд: «Шахсан ман, ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳар як сарбозро мисли фарзандони худ дӯст медорам, агар ягон ҳодиса рух диҳад, хобам намебарад. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё карда шавад».
ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД
Яке аз омилҳои тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳу сифати тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ва даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб мешавад. Ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ нест, ки хизмати ҳарбӣ мактаби ҷавонмардӣ ва марҳилаи такомули ҳамаҷонибаи ҷавонон мебошад. Ҳамон тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ҳар як ҷавонмард бояд қарзи худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон иҷро намояд».
Муаллифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муҳтарам Рустами Эмомалӣ барҳақ тарбияи ватандӯстиро фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоти (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст, маънидод кардаанд. Муҳтавои баланди санади меъёрии ҳуқуқии мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ҷавҳари он тарбияи шаҳрвандӣ – ватандӯстӣ маҳсуб мешавад. Бо назардошти муҳимият ба тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, маҷмӯи тадбирҳо, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон ташаккул додани дарки бошууронаи ҳимояи Ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, эҳтиром ба таърихи меҳан, хизмати ҳарбӣ, либоси низомӣ, ташаккули ҳисси ҳифзу ғанигардонии анъанаҳои пуршарафи ҳарбии ниёкон, абадигардонии хотираи муборизони дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалокшуда нигаронда шудааст, меҳваранд.
Таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани санади меъёрии ҳуқуқии мазкур бениҳоят муҳиму саривақтӣ буда, дар ин замина таваҷҷуҳ ба уҳдадориву хизмати ҳарбӣ афзун гардида истодааст. Дар ин робита донистан зарур аст, ки уҳдадории ҳарбӣ — уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он маҳсуб шуда, зоҳир намудани муносибати дуюмдараҷа ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест. Хизмати ҳарбӣ бошад, намуди хизмати давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ маҳсуб мешавад. Муҳим он аст, ки ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба намудҳои дигари хизмати давлатӣ афзалият дода мешавад. Ин афзалият ба қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии муайян, машғул шудан ба фаъолияти дигар ҳангоми даъват ё бо хоҳиши худ дохил шудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ ифода меёбад.
Хурсандиовар аст, ки солҳои охир дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат, хусусан шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои водии Рашт, шаҳрҳои Душанбе ва Исфара нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар муҳлати бениҳоят кӯтоҳ – дар рӯзи якум иҷро мешавад. Яъне, шавқу рағбати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ фузунтар гардидааст.
Ватандӯстӣ арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлат буда, метавон бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ матлабро анҷом дод: «Ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!».
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»